Дар ду бозии аввали даври чоруми мусобиқаи лигаи олӣ «Истаравшан»-и Истаравшан аз дастаи меҳмон - КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, «Кӯктош» -и Рӯдакӣ тими меҳмон - «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Дар бозии дигари даври чорум «Вахш»-и Бохтар бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и Балхӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дарвоқеъ, ин аввалин ғалабаи бохтариҳо ба шумор меравад.
«Ҳосилот»-и Фархор аз дастаи меҳмон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 0:1 ноком шуд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ дар майдони худ бозиро ба “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 бохт.
Бозӣ миёни дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии даври чоруми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон «Истиқлол» бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона аст.
КМВА бо касби 10 имтиёз дар ҷойи дуюм ва “Регар-ТадАЗ”, ки 8 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Дастаи “Вахш” бо 3 имтиёз ва “Панҷшер” бидуни имтиёз дар ду зинаи охири ҷадвали мусобиқа ҷойгир шудаанд.
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 3-5-уми май баргузор мешаванд.
Мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ бо иштироки 12 даста то рӯзи 10-уми ноябр идома хоҳад кард. Тибқи низомнома мусобиқа дар ду давра баргузор мешавад, ки дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.
Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024
Лигаи олӣ
Даври чорум
26-уми апрел (ҷумъа)
«Истаравшан» - КМВА – 0:1
«Кӯктош - «Барқчӣ» - 2:1
27-уми апрел (шанбе)
«Эсхата» - «Равшан» - 1:1
«Вахш» - «Панҷшер» - 1:0
«Ҳосилот» - «Регар-ТадАЗ» - 0:1
28-уми апрел (якшанбе)
«Хуҷанд» - «Истиқлол – 0:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
4 |
4 |
0 |
0 |
13-1 |
12 |
2 |
КМВА (Душанбе) |
4 |
3 |
1 |
0 |
7-1 |
10 |
3 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
4 |
2 |
2 |
0 |
3-0 |
8 |
4 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
4 |
2 |
0 |
2 |
6-4 |
6 |
5 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
4 |
1 |
3 |
0 |
6-4 |
6 |
6 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
4 |
1 |
2 |
1 |
6-6 |
5 |
7 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
4 |
1 |
1 |
2 |
5-6 |
4 |
8 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
4 |
1 |
1 |
2 |
3-5 |
4 |
9 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
4 |
1 |
1 |
2 |
4-7 |
4 |
10 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
4 |
1 |
1 |
2 |
2-9 |
4 |
11 |
«Вахш» (Бохтар) |
4 |
1 |
0 |
3 |
1-6 |
3 |
12 |
«Панҷшер» (Балхӣ) |
4 |
0 |
0 |
4 |
2-9 |
0 |
Даври панҷум
3-юми май (ҷумъа)
«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»
4-уми май (шанбе)
«Истиқлол» – «Ҳосилот»
«Панҷшер» – «Кӯктош»
5-уми май (якшанбе)
«Барқчӣ» – «Хуҷанд»
КМВА – «Вахш»
«Равшан» – «Истаравшан»