Дар бахши навбатии “Ганҷи шойгон” ҳолу ҳавоеро хоҳед ҳис ва дарк кард, ки таърихнигорон онро бозгашт ба фарзу суннатҳои динӣ меноманд.
Ин ҷо суханони Мулло Ҳайдар, яке аз аввалин имомхатбони Кӯлоб ва вакили маҷлисро хоҳед шунид, ки мегӯяд, вақте дид, тоҷик ҳамқавми худро мекушад, аз сиёсат канор рафт.
Ҳамчунин яке аз нахустин мусоҳибаҳои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Мирзоро хоҳед шунид, ки орзуяш ҷой кардани муҳаббат ба дин дар дили мардум аст, номҳои “ғайрикитобӣ” ва идҳои ғайридиниро қабул надорад ва мехоҳад, ҷавонон таҳсили ибтидоии диниро дар ватан гирифта, сипас дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил кунанд, вале беҳтар аст, дар Тоҷикистон шумори чунин мадрасаҳо зиёд бошад.
Ҷомеашиносон ҳадс мезананд, ки дар чунин фазои пасоҷангии Тоҷикистон насле ба воя расид, ки бо ифротгароён ва доишиён бипайваст.
Барномаро дар инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад