Тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимфинал баромад, инчунин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон гардид. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, дар Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат меварзад.

Бозии чорякниҳоии тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон дар Ҷоми Осиё-2024 рӯзи чоршанбеи 24-уми апрел дар маҷмааи варзишии Хуамарки шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар дақиқаи 19-ум бозигари тими Афғонистон Ризо Ҳусейнпур тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 23-юм, Фарзод Маҳмудӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон, ҳисобро баробар намуд – 1:1.

Барои муайн кардани ғолиб 10 дақиқа замони изофа (ду қисми 5-дақиқаӣ) таъйин шуд. Голи дуюм ва ҳалкунандаи дастаи Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров дар дақиқаи 47-ум аз пеналти ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, бозии чорякфиналӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди шогирдони сармураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба анҷом расид ва онҳо аввалин бор ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонӣ шуданд.

Пайрав Воҳидов пеш аз бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 муқобили тими миллии Афғонистон гуфта буд, ки ҳадафи аслии даста дар Ҷоми Осиё-2024 то ҳадди имкон пеш рафтан ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонӣ шудан аст. Ӯ ва шогирдонаш ба мақсади худ расиданд.

Се бозии дигари даври чорякниҳоӣ дар Бангкок рӯзи чоршанбе байни дастаҳои Эрон - Қирғизистон (14:00), Тайланд - Ироқ (16:00) ва Узбекистон - Ветнам (19:00) доир мегардад.

Тими миллии Тоҷикистон дар нимфинали Ҷоми Осиё-2024 бо ғолиби ҷуфти чорякфиналӣ Тайланд – Ироқ бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел ва бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 28-уми апрел баргузор мешаванд.

Бояд тазаккур дод, 16 дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи С” Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “D” Эрон ва Афғонистон ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад ва бори аввал аст, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтааст.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармуррабӣ – Пайрав Воҳидов.