Маҳмадкарими Эмомалӣ чӣ гуна аз ошёнаи панҷум афтоду ҷон бохт?

Акси Маҳмадкарими Эмомалиро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ хоҳони ёфтан ва ҷазо додани сабабгорони марги ӯ ҳастанд.

Ин ҷавони 24-сола дар пайи сарозер шудан аз ошёнаи панҷуми як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Ваҳдат, наздикии Душанбе, ҷон бохт. Додситонӣ санҷишро сар кардааст, вале байни фарзияи расмӣ ва тахмини наздикон зиддият вуҷуд дорад.

Ҳодиса рӯзи 12-уми апрели имсол дар ҳоле рух додааст, ки ба нақли шоҳидон Маҳмадкарими Эмомалӣ мехост, бо банд аз ошёнаи панҷум поин шавад. Ба иддаои баъзе аз наздиконаш, эҳтимол ӯ аз тарси "облава" ё "сарбозшикор" ин роҳи пурхатарро барои фирор интихоб кардааст.

Муҳаммад Эмомалӣ, бародари Маҳмадкарим, рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар хона ҳамроҳи ӯ як ҳамсинфаш будааст. Ҳоло бедарак аст. Мақомот ӯро мекобанд."

Ба нақли наздикон, баъд аз ҳодиса падару модари Маҳмадкарими Эмомалӣ ба Додситонии шаҳри Ваҳдат даъват шуда, дар онҷо ариза навиштаанд.

"Дар Прокуратура (Додситонӣ) гуфтаанд, ҳамон рӯз пушти дари Маҳмадкарим нозири барқ омада буд. Ин як тахмин аст. Он рӯз дарро сахт зада, қариб шикастаанд. Нозири барқ то шикастан дарро намекӯбад," – афзуд яке аз пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ.

Маҳмадкарими Эмомалӣ

Волидони ин ҷавон аз мақомот талаб кардаанд, ки қазияи писарашон ҷиддӣ таҳқиқ шавад. Дар маркази матбуоти Додситонии кул мавзуъро шарҳ надода, гуфтанд, ба Додситони шаҳри Ваҳдат муроҷиат кунед.

Достон Тағойзода, як масъули Додситонии шаҳри Ваҳдат, рӯзи 22-юми апрел дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, вобаста ба ҳодиса санҷиш идома дорад ва аз шарҳи бештар худдорӣ кард. Вай афзуд, "агар суол бошад, марҳамат, ба шуъбаи матбуоти Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунед".

Ҷасади Маҳмадкарими Эмомалиро рӯзи 12-уми апрел аз сардхонаи шаҳри Ваҳдат гирифта, дафн карданд. Бародараш Муҳаммад мегӯяд, "пойҳояш аз се-чор ҷо шикаставу баромада буд. Дар баданаш пайи захм буд. Зоҳиран вақти афтодан дар девор ё кондитсионерҳо задааст."

Волидони ҷавон дар маҳаллаи "9-ум километр"-и Душанбе зиндагӣ мекунанд, аммо худи вай ба гуфтаи наздиконаш, ним моҳи охир дар Ваҳдат кор ва дар хонаи иҷорае истиқомат дошт.

Шаҳри Ваҳдат

Пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ мегӯянд, вай баъд аз хатми як коллеҷ дар Тоҷикистон ба варзиш машғул буд ва сипас роҳи Русияро пеш гирифт. Соле қабл аз Русия ихроҷ шуда, ба Тоҷикистон баргашт ва ба таъмири мошинҳо машғул буд. Чанд вақти охир бо як ҳамсабақаш дар манзили иҷора дар Ваҳдат мезист.

Маҳмадкарими Эмомалӣ оиладор набуда, дар артиш ҳам хидмат накардааст. Ба гуфтаи наздикон то замони ҳодиса ба ӯ расман даъватномаи ҳарбӣ наомада буд.

Ҳодиса дар шабу рӯзе рух додааст, ки дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад ва дар гузашта шикоятҳо аз талоши ба манзили ҷавонон даромадану ҷалби иҷбории онҳо борҳо садо додааст.

Масъулон ҳамеша иддаоро дар бораи иҷборан ба хидмат бурдани ҷавонон рад мекунанд, аммо тақрибан дар ҳар мавсим шикоятҳо аз "сарбозшикор" ё “облава” расонаӣ мешавад.

Дар гузашта ҳам ҳодисаҳое буд, ки талоши фирори ҷавонон аз артиш бо фоҷеа анҷом ёфтанд. Чанд сол пеш дар Хуҷанд ҳангоми фирор аз “облава” ҷавони 23-солае аз ошёнаи чаҳорум афтода, сутунмуҳрааш шикаста буд.