Брюс Паннир: "Ин сафари аввалини вазири корҳои хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон аст. Мавзӯи тағйири иқлим ва мубориза бо терроризм, бешубҳа, муҳим аст. Мо дар бораи шохаи "Хуросон"-и ДОИШ на танҳо дар Афғонистон, балки дар Аврупо ва ҷойҳои дигар ва ҳамлаи аъзои он ба "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав хабар дорем. Маълум аст, ки миёни онҳо мубодилаи фаровони иттилоот вуҷуд дорад, чун Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Онҳо дар бораи ҳодисаҳо дар дохили Афғонистон огоҳ ҳастанд. Бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тамос доранд. Бовар дорам, маълумотеро, ки аз фаъолияти шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ба даст меоранд, дар ихтиёри ҳам мегузоранд. Ин иттилоъ дар бораи тавонмандиҳои он, макони ҷойгиршавӣ ва ширкати тоҷикистониҳо дар ин гурӯҳ аст. Мавзӯи дигар захираҳои табиии Тоҷикистон аст. Бритониё ҳам ба мисли дигарон ба ашёи хом ниёз дорад ва намехоҳад, ки Чину Русия тамоми онро аз худ кунанд ва Тоҷикистонро бе ҳеч чиз гузоранд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Дар бораи замони сафари Дэвид Кэмерон ба Душанбе. Чаро маҳз ҳоло сурат гирифт?
Брюс Паннир: "Дар бораи замони сафар. Ҳарчанд бовар дорам, онро аз пеш омода кардаанд, баъд аз ҳамла ба “Крокус" ин сафар, пеш ҳама, барои Тоҷикистон пураҳамият аст. Мо медонем, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия даҳшатнок шудааст, онҳо метарсанд аз хона берун шаванд. Ҳукумати Русия барои хатми ин ҳолат ҳеч кор намекунад. Рӯзе нест, ки наворе аз ҳамла ба муҳоҷирон нашр нашавад. Дар Сибир, дар мактаби миёна дидем, ки духтари мактабхонеро мезананд, аммо муаллим коре намекунад. Онҳо ҳатто аз пайи маълум кардани шахсияти ӯ нашуданд.
Аз ин рӯ, ин як фурсати хуб барои Кэмерон аст, ки бо ин сафараш бигӯяд: "Ба ҳеч сурат мо ҳамаи Шуморо террорист намешуморем. Дар ҳоле ки чунин муносибат хеле бад аст, мо мехоҳем, бо Тоҷикистон шарик бошем, мо бо кишварҳои дигари минтақа ҳамкор будан мехоҳем. Мо мутаассифем, ки барои кори чанд нафар мардумро гунаҳкор мекунанд. Ва маълум нест, ки нақши шаҳрвандони Тоҷикистон то куҷо зиёд аст, чун инро то ҳол фақат Маскав гуфтааст".
Бешубҳа, ин фурсати бисёр хуби сафари Кэмерон ба Тоҷикистон аст ва кори зиёдеро мешавад анҷом дод. Бритониё гуфт, ба кишварҳои минтақа дар се соли оянда 50 миллион фунт стерлинг сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин пули зиёд нест, вале намоиши он аст, ки Тоҷикистон дар баробари Чин ё Русия дар Ғарб як дӯсте дорад. Ба қавли вазир Кэмерон, кишвараш бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, дар бахши иттилоот ва мубориза бо терроризм муколама мекунад. Инчунин барои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсилро дар донишгоҳҳои Бритониё пешниҳод мекунад. Дар умум, ин сафари бисёр муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ мебошад."
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад