Яке аз шарҳҳои ҷолибро, ки @Ramin20121 дар канали озодивидео дар Ютуб гузоштааст, то дигарон ҳам бидонанд.
“Соли 2017 буд, ман дар ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгор кор мекардам ва худи ҳамон сол роҳбари синфи 9 будам ва вақте соати тарбиявӣ мавзӯъ доштам, “касби дӯстдоштаи ман”. Вақте духтарон гап мезаданд, дар бораи касбашон ва менавиштанд, як духтарак дар синфам буд, бисёр босавод, ҳеч чиз наменавишт. Гуфтам, чаро наменависӣ гуфт, муаллимаҷон, чӣ бефоида ҷигарамро хун кунам, чунки ҳеч гоҳ ин орзуям амалӣ намешавад. Гуфтам, чаро? Гуфт, ман аллакай номзад шудам ва мунтазиранд, ки синнам ба 17 расад ва худаш талх гирист. То имрӯз гапи ин духтарро фаромӯш карда наметавонам. Аз волидайн хоҳиш мекунам, ки як бор ақаллан рози дили духтаронро гӯш кунанд, як бор дар зиндагӣ имконият диҳанд. Баъди чанд сол ҳамон духтарро дидам, дар бозорча чакка мефурӯхт, назараш ба ман хӯрд, салом кардем, аҳволашро пурсидам. Гуфт, муаллима ман гуфта будам, орзуям хом аст, шавҳар доданд, бо ду кӯдак талоқам кард, ҳоло саргардонам. Ин аст, хатогӣ, акнун дер шуда буд...”
Дар як назарпурсӣ дар бораи баробарии ҷинсӣ дар Тоҷикистон беш аз 60 дарсади ҳамсуҳбатон гуфтаанд, ки дар 18 ё 20-солагӣ издивоҷ карданд. Қисми зиёди волидон гуфтаанд, беҳтар аст, духтарон дар 19 ё 20-солагӣ соҳиби оила шаванд. Барномаро инҷо бубинед: