Дар дасти рӯҳониёну муллоҳо ва ё воизони интернетӣ, ки бо мавъизаҳои ифротиашон мағзи ҷавонони тоҷикро олуда мекунанд. Ё дар дасти блогерҳое, ки бо ёваву шеваҳои бемаънӣ ҷавононро саргарм нигаҳ медоранд ва ё дар дасти расонаҳои давлатӣ, ки вазифаашон тарғиби идеологияи ҳукумат аст?
Дар барномаи “Гапи Озод” бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон ва Зафари Сӯфӣ, хабарнигори муқими Аврупо ин мавзуро баҳс кардем. Порае аз баҳсро инҷо бихонед ва навори комилро тамошо кунед:
Муҳиддин Кабирӣ: "Ман фикр мекунам, фазои идеологии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ тоҷикон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ дар дасти ҳукумати Тоҷкистон ва қисман дар дасти ДОИШ аст. Неруҳои мӯътадил, рӯҳониёни муътадил, рӯзноманигорон ва рушанфикрҳо як ҳиссаи бисёр ками фазои идеологиро пур карда истодаанд, ки аз ин бештар қудрат надоранд. Ва он монополияе, ки ҳукумат болои расонаҳо, болои масҷиду руҳониён ва донишгоҳҳо кардааст, фазоро ба самте бурд, ки рақобат танҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДОИШ сурат мегирад ва ман фикр мекунам, ки ҳоло вақти он расидааст, ки қисми дигари ҷомеъа, чӣ мухолифин ва чӣ рушанфикрону рӯҳониёни мӯътадил ба худ оянду фазои иттилоотӣ ва идеологиро аз дасти ин ду гурӯҳе, ки бо ҳам рақобат доранд ва ҳарду ҳам бар зарари маънавиёт ва идеологияи миллии мо ҳастанд ибтикорро ба даст гиранд."
Зафари Суфӣ: "Воқияти имрӯзи Тоҷикистон чунин аст, ки фазои иттилоотӣ ва идеологӣ ё маънавӣ дар дасти ҳукумати худкома аст. Шояд аз соли 2011, аз замоне ки Саидмӯъмин Ятимов ба ин вазифа омад ва тавонист ончиро, ки худаш мехоҳад, дар кишвар пиёда кунад, комилан фазои идеологӣ дар дасти ҳукумати худкома аст. Ин ДОИШу дигарҳо як навъе эътирози мардум дар нисбати фазои хафақоне, ки ҳукумат дар кишвар роиҷ кардааст, мебошад. Яъне, гӯем, ки дар дасти онҳо ҳаст, на мутаасифона, комилан дар дасти ҳукумати худкома аст. Ва тасаввур кунед, дар замоне, ки расонаҳои мустақил нест, институтҳои маданӣ ё ҷомеаи маданӣ ба ном ҳастанд, вале ҳеҷ коре аз дасташон намеояд. Нависандаву шоирон барои мадҳия сурудан ба ҳам рақобат доранд, на барои гуфтани ҳарфи ҳақ. Рӯзноманигорони мустақил ё дар зиндон ҳастанд ё фирорӣ ҳастанд, рӯзномаҳои мустақилро бастанду шикастанд, ҳар коре аз дасташон омад, карданд. Дар чунин як шароите суҳбат кардан, ки фазои иттилотию идеологӣ дар дасти дигаре бошад, табиӣ аст, ки намешавад."
Муҳиддин Кабирӣ: Ба як ишораи Зафари Суфӣ розӣ шуда наметавонам, ки бо ба сари қудрат омадани Саймиддин Ятимов ҳама таҳти хостаҳои ӯ сурат мегирад. Ман фикр мекунам, ки Ятимов иҷрокунандаи хостаҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент аст. Дар ин марҳала барои Раҳмон вазире чун Ятимову Рамазон Раҳимов лозим аст, ки тафаккури миллӣ камтар дошта бошанд ва нақши худро дар саркӯб кардани мардум бубинанд ва хидмат ба ҳокимият.
Зафар Суфӣ: "Аз тарафи дигар аз ду ҷониб вақте кори расонаӣ намешавад ва бештар кори таблиғотӣ ва пропаганда ҳаст, мутмаин бошед, мардум бовар намекунанд. Дар таблиғот самимият нест, мардум тоҷик самимӣ ҳастанд ва ҳарфи самимӣ дар дилаш менишинад. Дуруст аст, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин садоқат доранд, вале мардум ҳанӯз онро ҳис накардааст. Агар эҳсос мекард, табиист, ки вазъ ин тавр набуд. Ҳукумат ҳам дар пайи ҳали масоил нест, манзурам расонаҳои ҳукуматӣ аст, ки садоқаташонро ба шахси аввал, ба хонаводаи шахси аввал нишон диҳанд, дигар тамом аз ин бештар нест."
Навори пурраи баҳсро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад