Ду бохти дастаи олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии дувумаш низ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар аз тими Ироқ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. 

Бозии даври дувуми гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ шаби ҷумъаи 19-уми апрел дар шаҳри Доҳа, дар варзишгоҳи Ал-Ҷануб, доир гардид.

Дар ин бозӣ се гол дар нимаи аввали дидор ва се голи дигар дар нимаи дувум зада шуд. Муҳаммад Мунтадир, бозигари ироқиҳо, дар дақиқаи 14-ум ҳисобро кушод. Алӣ Ҷассим дар дақиқаи 22-юм тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонда, ҳисобро афзун кард – 2:0. Дар охири нимаи аввал Рустам Соиров, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, аз пеналти (45+9) ҳисобро тағйир дод – 1:2.

Дар нимаи дувуми бозӣ ироқиҳо Ҳамид Ҳасан (56) ва Саъд Қаррор (87) ду гол ва бозигари дастаи Тоҷикистон Меҳрон Мадаминов (90+5) як гол заданд. Ҳамин тариқ, ин бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба суди тими мунтахаби олимпии Ироқ хотима ёфт.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои Тайланд ва Арабистони Саудӣ, ки 19-уми апрел дар Варзишгоҳи байнулмилалии Халифаи Доҳа баргузор шуд, бо пирӯзии саудиҳо бо ҳисоби бузурги 5:0 ба поён расид. Абдуллоҳ Радиф се гол, Айман Яҳё ва Аҳмад Ал-Ғамдӣ якголӣ заданд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар аз тими Арабистони Саудӣ ҳам бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “С” дастаи мунтахаби олимпии Тайланд тими ҷавонони Ироқро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо вуҷуди он ки ду бозиро бохт, шонси аз гурӯҳ баромаданро нигоҳ доштааст.

Барои ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфтан ба футболбозони ҷавони тоҷик зарур аст, ки дар бозии охирини гурӯҳӣ 22-юми апрел муқобили дастаи Тайланл танҳо пирӯзӣ бо таносуби ду тӯб (3:1 ё 4:2) ба даст биёранд, ба шарте ки мунтахаби Ироқ бозиро ба Арабистони Саудӣ бой диҳад.

Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи “А”: Қатар, Австралия, Урдун, Индонезия.

Гурӯҳи “В”: Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Чин.

Гурӯҳи “С”: Арабистони Саудӣ, Ироқ, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи “D”: Узбекистон, Ветнам, Кувайт, Малайзия.

Даври якум

Ироқ – Тайланд – 2:0

Голҳо: Варис Чулзонг, 26 (0:1), Тирасак Поирҳимай, 65 (0:2).

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 4:2

Голҳо: Райан Ҳамид, 17 (1:0), Руслан Хайлоев, 23 (1:1), Ҳайтам Асирӣ, 45+8 (2:1), Айман Яҳё, 55 (3:1), Айман Яҳё, 61 (4:1), Рустам Соиров, 64 (4:2).

Даври дувум

Тоҷикистон – Ироқ – 2:1

Голҳо: Муҳаммад Мунтадир, 14 (0:1). Алӣ Ҷассим, 22 – аз пеналти (0:2). Рустам Соиров, 45+9 – аз пеналти (1:2). Ҳамид Ҳасан, 56 (1:3). Саъд Қаррор, 87 (1:4). Меҳрон Мадаминов, 90+5 (2:4).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Раҳматшо Раҳматзода, Ҳайдар Сатторов, Фахриддин Аҳтамов, Манучеҳр Сафаров, Тоҳирҷон Тағойзода (Абдулло Шарипов, 38), Шуҳрат Элмуродов, Ҳамадонӣ Камолов, Рустам Соиров, Руслан Хайлоев (Азизбек Ҳаитов, 69), Шаҳром Самиев (Меҳрон Мадаминов, 88).

19-уми апрел. Доҳа. Варзишгоҳи «Ал-Ҷануб». 2570 тамошобин.

Тайланд – Арабистони Саудӣ – 0:5

Голҳо: Айман Яҳё, 4 (0:1), Аҳмад Ал-Ғамдӣ, 45+1 (0:2), Абдуллоҳ Радиф, 45+7 (0:3), Абдуллоҳ Радиф, 49 (0:4), Абдуллоҳ Радиф, 73 (0:5).

Даври сеюм

Арабистони Саудӣ – Ироқ, 20:30

Тайланд – Тоҷикистон, 20:30

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

2

2

0

0

9-2

6

2

Тайланд

2

1

0

1

2-5

3

3

Ироқ

2

1

0

1

4-4

3

4

Тоҷикистон

2

0

0

2

4-8

0

Натоиҷи бозиҳо дар гурӯҳҳои дигар:

Даври аввал

15-уми апрел (душанбе)

Австралия – Урдун – 0:0

Қатар – Индонезия – 2:0

16-уми апрел (сешанбе)

Ҷопон – Чин – 1:0

Кореяи Ҷанубӣ – Иморот – 1:0

17-уми апрел (чоршанбе)

Узбекистон – Малайзия – 2:0

Ветнам – Кувайт – 3:1

Даври дувум

18-уми апрел (панҷшанбе)

Индонезия – Австралия – 1:0

Урдун – Қатар – 1:2

19-уми апрел (ҷумъа)

Чин – Кореяи Ҷанубӣ – 0:2

Иморот – Ҷопон – 0:2

20-уми апрел (шанбе)

Малайзия – Ветнам, 18:00

Кувайт - Узбекистон, 20:30

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.