- Синни муносиб барои издивоҷи духтарон кадом аст?
- Муносибати ҷомеаи Тоҷикистон бо духтарони синнашон аз 25-30 боло чӣ гуна аст?
- Чаро ҳар рӯз аз духтарон мепурсанд, ки кай шавҳар мекунӣ?
- Чӣ бояд кард, то истилоҳи тавҳиномези “пирдухтар" аз байн биравад?
Дар як назарпурсӣ дар бораи баробарии ҷинсӣ дар Тоҷикистон беш аз 60 дарсади ҳамсуҳбатон гуфтаанд, ки дар 18 ё 20-солагӣ издивоҷ карданд. Қисми зиёди волидон гуфтаанд, беҳтар аст, духтарон дар 19 ё 20-солагӣ соҳиби оила шаванд.
Вазъ дар минтақаҳо фарқ мекунад. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон назари мардум дар ин бора дигар аст. Нисфе аз пурсидашудаҳо дар онҷо 21-23-солагиро барои никоҳи духтарон муносиб донистаанд.
Имрӯз дар барнома аз зиндагии духтароне хоҳем гуфт, ки барои ояндаи худ орзуву нақшаҳои зиёд доранд ва мехоҳанд, пеш аз издивоҷ таҳсил кунанду кори хубе ёбанд. Духтароне, ки ба ақидаи онҳо, синни 18 ва 20 барои издивоҷ барвақт аст. Аммо зиндагӣ дар ҷомеае, ки ба андешаи бисёриҳо аз ин син боло "пирдухтар" мешавад, зиндагӣ то куҷо осон аст?
Талош кардем дар як гузориш ба ин суолҳо посух гирем. Қаҳрамони гузориш ҳам бонуи хабарнигор Афсонаи Акобиршо аст. Ӯ дар 30-солагӣ, вақте фаҳмид, ки омода аст, оиладор шуд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар бисёр маврид духтарон зери фишори ҷомеа ва атрофиён маҷбур мешаванд саросема ва ночор издивоҷ кунанд.
САРГУЗАШТИ АФСОНА
"Зиндагии ман ширин мешавад, аммо…"
Афсонаи Акобиршо хабарнигори як телевизиони хориҷӣ аст. Барои расидан ба муваффақият ва хостаҳояш заҳмати зиёд кашидааст. Мегӯяд, то замоне ки ба пойи худ рост наистод ва аз лиҳози иқтисодӣ мустақил нашуд, намехост шавҳар кунад.
“Ҳамеша эҳсос мекардам, ки барои издивоҷ омода нестам. Издивоҷ ва зиндагии муштарак бо як нафари дигар масъулияти бисёр бузург аст ва ба назари ман ҳар як нафар бояд аз ҷиҳати равонӣ омода бошад ва баъд тасмим бигирад,” – нақл кард ӯ.
Афсона зодаи Бадахшони Тоҷикистон аст, вилояте, ки аксар духтаронаш талош мекунанд маълумоти олӣ бигиранд. Мегӯяд, дар оила касе ӯро ба издивоҷ маҷбур намекарду фишор намеовард, аммо ин мавзуъ ҳамеша дар миён буд: “Агар кӯдакеро медидаму мегуфтам, чӣ қадар ширин аст, мегуфтанд, бале, издивоҷ кун ва ту ҳам соҳиби чунин як фарзанди ширин мешавӣ. Ҳамеша бо ҳар баҳона мехостанд барои ман ёдоварӣ кунанд, ки оилдадор шавам, вале мехостам замоне оиладор шавам, ки аз лиҳози равонӣ пурра омода бошам.”
Берун аз хона, атрофиёну дӯстон низ пайваста машварат медоданд, ки зудтар шавҳар кунад, “вагарна дер мешавад”. “Ҳатто ин тавр ҳам буд, ки бо раҳм нигоҳ мекарданд: издивоҷ накардӣ, ҳеч гап не, ҳанӯз дер нест. Дар байнашон онҳое ҳам буд, ки издивоҷ карда, бо 3-4 кӯдак ҷудо шудаанд, вале мегӯянд, издивоҷ кун бача таваллуд кун, зиндагият ширин мешавад. Ман мегуфтам, хуб зиндагии ман ширин мешавад, аммо зиндагии он бачаҳо чӣ?” – гуфт Афсонаи Акобиршо.
"Чаро пирписар намегӯем?"
Мегӯяд, ин насиҳату машваратҳо хушоянд набуданд, аммо тасмими ӯро дигар накарданд. Ба гуфтаи Афсона, ин фишорҳо махсусан дар шаҳр ё духтароне, ки таҳсилу кор мекунанд, зиёд таъсиргузор нестанд, аммо муҳиту муносибат бо духтарони таҳсилнодида дар деҳот фарқ мекунад:
“Вақте духтар таҳсил накардааст, дар деҳот зиндагӣ дорад, тамоми ҳамсолонаш издивоҷ кардаанду худаш мондааст, зери таъсири бад қарор мегирад. Ба он пирдухтар мегӯянд, ҳатто розӣ ҳастанд, ки ӯ ба пирмарде оиладор шавад, вале ҳатман издивоҷ кунад. Ин духтаронро бародарон ҳам намепазиранд. Дар хонаи падару модар бимонанд, ба онҳо чун як нонхӯри зиёдатӣ муносибат мешавад."
Афсонаи Акобиршо аз он изҳори ҳайрат мекунад, ки истилоҳҳое чун "пирдухтар" ва ё "бева" дар ҷомеаи Тоҷикистон фақат нисбат ба занон истифода мешавад: “Мо пирдухтар мегӯем, аммо пирписар намегӯем. Дар ҷомеаи мо вақте мард аз ҳамсараш ҷудо шудааст, фарқ надорад аз 5 зан ҳам ҷудо шуда бошад, ӯро бева намегӯянд. Метавонад 10 бори дигар издивоҷ кунад. Вақте зан аз шавҳараш ҷудо мешавад, ӯро наметавонад ҳар кас бигирад, хусусан оне, ки ҳеч вақт вақт зан нагирифтааст."
Синни мувофиқ барои бунёди як оилаи хубу солим, ба назари Афсона, аз 25-28-солагӣ аст. Дар ин син ба қавли ӯ кас метавонад интихоб ва тасмими дуруст бигираду барои таваллуд ҳам тавре пизишкон мегӯянд, дер намешавад.
“Ҳеч вақт зери таъсири касе наравед ва худ тасмим бигиред, ки зиндагиро чӣ тавр мегузаронед,” – мегӯяд ӯ.
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ДИДГОҲИ КОРШИНОСОН
"Чизҳои дигар ба сифр баробар мешаванд"
Дар Тоҷикистон расман издивоҷ аз ҳаждаҳсолагӣ иҷозат аст. Ба иттилои мақомот, дар соли 2022 беш аз чаҳор ҳазор ба ин син норасида ва бо ризоияти додгоҳҳо издивоҷ кардаанд.
Яъне, ба ҳисоби миёна дар як рӯз никоҳи 11 нафаре сабт шудааст, ки синнашон ба ҳаждаҳ нарасидааст. Яке аз сабабҳои издивоҷи бармаҳали духтарон, ба назари коршиносон, тарси баъзе аз волидон аст, ки духтарашон ё бе хостгор мемонад ва ё ба қавле “пирдухтар” мешавад.
Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар ҳанӯз аз замони мактабхонӣ духтаронро хостгорӣ карда, баробари расидан ба синни издивоҷ оиладор мекунанд. Ҷомеашиносон аз омилҳои дигар ҳам ном мебаранд. Зулайхо Усмонова, пажуҳишгар ва муаллифи китоби баробарии ҷинсӣ, ин ҳамаро ба афкору қолабҳои куҳнаву иртиҷоӣ рабт дод.
Зулайхо Усмонова: “Ин ҷо бояд як чиро дар назар гирем. Вазъ дар деҳа ва шаҳр фарқ дорад. Мутаассифона, одамони калон ва ҳатто баъзе аз ҷавонони 25-30 ё 40-сола дар қолаби куҳна дармондаанд ва духтарону писаронро дар ҳамон рӯҳия тарбия мекунанд. Албатта, ин таъсири калон дорад ба духтарон. Бо сабаби чунин тарбия баъзе аз духтарҳо ба ғайр аз шавҳари хуб кардан дигар ягон орзу надоранд. Фикр мекунанд, ки бахти асосӣ ин шавҳар кардан аст. Чизҳои дигар ба сифр баробар мешаванд. Ман боварӣ дорам, ки ин қолабҳо дар чанд даҳсолаи оянда аз байн мераванд. Боварӣ дорам. Аз як тараф глобализатсия аст, аз тарафи дигар қонунҳои иқтисод, ки бояд зан дар бозори меҳнат бошад. Албатта, занҳо ба бозори кор ҷалб мешаванд ва ин чиз ҳолати имрӯзаи ҷомеаи моро тағйир хоҳад дод.”
Ба бовари Зулайхо Усмонова ва таҳлилгари дигари масоили занон Шоҳсанам Қарабоева, солҳои охир вазъ то ҷое тағйир ёфтааст. Онҳо мегӯянд, ҳоло хонаводаҳое ҳам зиёданд, ки ба духтарони таҳсилдида бартарӣ медиҳанд ва синни духтар барояшон муҳим нест.
Шоҳсанам Қарабоева: “Диққат додам, ки тайи ду-се соли охир ҷавонон мехоҳанд бо духтарҳои соҳиби маълумот оиладор шаванд. Бинобар ҳамин, то синни 22 ва 25 хостгор доранд. Вале дар 25-солагӣ аллакай худи духтарҳо намехоҳанд оиладор шаванд, чун мехоҳанд корро идома диҳанд, омӯзанд, ба давлатҳои дигар раванд, орзуҳо доранд.”
Ҷанҷоли хонаводагӣ чӣ гуна сар мешавад?
Аз Шоҳсанам Қарабоева пурсидем, ки издивоҷ дар 18-20-солагӣ аз издивоҷ дар синни болотар, масалан 23, 25 ва ё 28 чӣ фарқу чӣ мушкилот дорад?
Шоҳсанам Қарабоева: “Вақте дониш гирифта бошад, ҷойи кор дошта бошад, ҳунар дошта бошад, беҳтар аст. Вақте дар 24-25-солагӣ оиладор мешавад, дар бораи зиндагӣ маълумоти пурра дорад. Мумкин аз нигоҳи иқтисодӣ зиндагиро пеш бурда метавонад. Духтаре, ки дар 18-солагӣ шавҳар мекунад, гуё аз ҷойгаҳи хоб меравад ба хонаи шавҳар. Зиндагӣ барои ӯ мушкилтар аст. Дар 19-солагӣ соҳиби кӯдак мешавад, аз уҳдаи нигоҳубини ӯ намебарояд. Бар замми ин бояд хонаро тоза кунад, хӯрок пазад. Бисёр вақт асабонӣ мешаванд. Дар ҳамин ҷо ҷанҷолҳои оилавӣ сар мешавад.”
Ба фикри Шумо, рафтору муносибат дар хонавода ва ҷомеа бо духтароне, ки масалан дар синни болотар аз 25-30 ҳастанду шавҳар надоранд, чӣ гуна аст?
Зулайхо Усмонова: "Ман, масалан, оилаҳоеро медонам, ки дар он духтари ҷавон тамоми оиларо таъмин мекунад, чун вай ҳунар ё касб дорад, кор мекунад. Духтарон метавонанд ба оила даромади калон биёранд. Мавқеи чунин духтарон дар оила болост. Духтароне ҳам ҳастанд, ки маълумот надоранд, касб надоранд, дар оила бори зиёдатӣ қабул мешаванд ва аз ин бисёр мутаассифам. Ин ҳам айби духтар не, айби оила аст."
"Ин аз духтарон вобаста нест"
Ба ақидаи Шоҳсанам Қарабоева, дар ноҳияву деҳот духтароне, ки издивоҷ накардаанд, бинобар таънаву маломати мардум ва суолҳои беҷои пайвастаи атрофиён аз нигоҳи равонӣ азоб мекашанд.
Шоҳсанам Қарабоева: "Ба деҳот меравем, духтарҳое, ки дар 35-36-солаӣ ягон маротиба оиладор нашудаанд, нороҳатанд. Мегӯянд, вақте дар маъракаҳо менишинем, худро бад ҳис мекунем. Хаёл мекунем, ки ҳама мегӯянд, ин пир шуду оиладор нашуд ё ягон фикри дигар мекунанд. Як духтар ба ман муроҷиат кард, 45 сола буду оиладор нашуда буд. Гуфт, вақте мактабро хатм кардам модарам бемор шуд. Касе набуд ӯро нигоҳубин кунад, аз пайи тарбияи додарҳову модарам шудам. Онҳоро калону оиладор кардам, худам мондам. Вақте 41-сола шудам, модарам гузашт. 4 сол мешавад маро додарҳоям аз хона пеш кардан мехоҳанд. Ман куҷо равам, дигар касе надорам.”
Чӣ бояд кард, то ақида ё истилоҳи "пирдухтар" дар Тоҷикистон аз байн бурда шавад?
Зулайхо Усмонова: "Ин аз худи духтар вобаста нест, ин мо калонсолон бояд духтару набераҳои худро саросема накунем ва нагӯем, ки зудтар шавҳар кун. Бояд имкон диҳем, ки духтарон аз пайи орзуи худ бошанд. Ягон маълумоти олӣ ё касбӣ гиранд ва дорои ягон ҳунар шаванд. Ин аз мо, аз калонсолон, падару модарон вобастааст ҳоло."
Шоҳсанам Қарабоева: "Бояд ба аҳолӣ фаҳмонд, ки духтарони 25-27-сола пирдухтар нестанд. Инҳо хонданд, кор мекунанд, зиндагиро пеш бурда метавонанд. Онҳо мумкин аст дар ҳолатҳои зӯроварӣ қарор нагиранд. Вале дар вақти таваллуд духтарҳое, ки дар синни калонсолӣ издивоҷ мекунанд, мумкин аст камтар азоб кашанд. Вақти таваллуд аз 18 то 35-солагӣ аст тибқи назари табибон. Вай мумкин дар 35-36-солагӣ оиладор мешавад ва дар 40-солагӣ таваллуд мекунад, камтар хатар дорад.”
Мусоҳибони мо ба он таъкид мекунанд, ки новобаста аз ҳама таънаву маломат ва ё ба истилоҳ дилсӯзии атрофиён духтар бояд аввал касбу ҳунаре биёмӯзад.
Зулайхо Усмонова: "Ин тавсия на фақат барои духтарон, балки ба волидайн ҳам ҳаст. Бояд духтарон дорои маълумот шаванд. Ин чизи муҳимтарин аст. На танҳо дузандагӣ, ягон малакаи хуб ба даст биёранд. Масалан, мошинҳои дӯзандагӣ вайрон мешаванд. Тамоми занҳои дӯзанда то омадаани мутахассис ва таъмиргари мошинҳо интизор ва бекор мемонанд. Мешавад, ки худи духтарон мутахассиси ҳамон мошин шаванд. Ин бисёр касби хуб аст. Албатта, бояд ягон ҳунарро омӯзанд, ки ба онҳо метавонад пул биёрад. Ҳунарҳои нав зиёданд, масалан технологияҳои нав. Метавонанд мутахассиси хуб шаванд. Ба фикри ман, бояд чунин тарбия кунем духтарҳоро, ки талбанда нашаванд ва интизор нашаванд, ки касе омада ба онҳо кумак кунад. Ин хел намешавад."