Ин бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Доҳа, дар Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа соати 21:00 бо вақти маҳаллӣ (23:00 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Дар арафаи ин дидор Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), 15-уми апрел дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки мунтахаби олимпии кишвар бори дувум дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок мекунад.
“Рақибони мо дар гурӯҳ қавӣ ҳастанд. Бигузор, дастаи беҳтарин пирӯз шавад. Ҳангоми омодагӣ ба Ҷоми Осиё мушкиле ҳам доштем. Бархе аз бозигарон ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҷалб шуда буданд, баъзеи дигар ҷароҳат бардоштанд, аммо дар маҷмуъ мо ба мусобиқа хуб омодагӣ дидем”, - иброз дошт Мубин Эргашев.
Ҷоми Осиё-2024 бо ду бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “А” 15-уми апрел шуруъ шуд.
Дар бозие, ки пас аз маросими ифтитоҳи Ҷоми Осиё-2024 дар варзишгоҳи Ҷосим Бин Ҳамади шаҳри Доҳа доир гардид, дастаи мизбон – Қатар – тими Индонезияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Холид Алӣ (45+1) ва Аҳмад Ал-Ровӣ (54) заданд.
Дар ин бозӣ ҳайати доварон аз Тоҷикистон буд. Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Насрулло Кабирови 38-сола сардовар ва ҳамватанонаш, ёварони довари FIFA Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кӯмакдоварон буданд.
Сардовар Кабиров дар ҷараёни бозӣ ба ду бозигари индонезиягиҳо – Ҷеннер (дақиқаи 46-ум) ва Сананта (90+6) корти сурх нишон дод, ки ҳарду аз майдон хориҷ шуданд.
Бозии дигари даври аввали гурӯҳи “А” байни дастаҳои Австралия ва Урдун бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Бояд гуфт, ки дар тамоми бозиҳои Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар Қатар системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд, ки 7 нафарашон легионер мебошанд.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) рақобат мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):
Дарвозабонҳо: Мухриддин Ҳасанов («Истиқлол», Душанбе), Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд», Хуҷанд), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Равшан», Кӯлоб);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»), Ҳайдар Сатторов, Бекмурод Ҳаитов (ҳарду аз «Вахш», Бохтар), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарипов (КМВА, Душанбе);
Нимҳимоятгарон: Алишер Шукуров («Динамо», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarriа», Испания), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Шуҳрат Элмуродов, Фаридун Давлатов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Шоҳрух Сангов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Ҳосилот», Фархор);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров, Меҳрон Мадаминов (ҳарду аз «Истиқлол»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Таркиби гурӯҳҳо:
Гурӯҳи “А”: Қатар, Австралия, Урдун, Индонезия.
Гурӯҳи “В”: Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Чин.
Гурӯҳи “С”: Арабистони Саудӣ, Ироқ, Тайланд, Тоҷикистон.
Гурӯҳи “D”: Узбекистон, Ветнам, Кувайт, Малайзия.
Бозиҳои даври аввал
15-уми апрел (душанбе)
Австралия – Урдун – 0:0
Қатар – Индонезия – 2:0
16-уми апрел (сешанбе)
Ҷопон - Чин, 18:00
Ироқ - Тайланд, 20:30
Кореяи Ҷанубӣ - Иморот, 20:30
Арабистони Саудӣ - Тоҷикистон, 23:00
17-уми апрел (чоршанбе)
Узбекистон - Малайзия, 18:00
Ветнам - Кувайт, 20:30
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.
Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.
Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.