Ҳамла бо мушаку паҳпод. Эрон: "Ин посух буд." Исроил: "Аз байн бурдем." Масъала тамом шуд?

Исроил

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) сар дод ва нигарониҳоро дар мавриди авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна бештар кард.

Исроил ва кишварҳои ҳампаймонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, ки зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд. Артиши Эрон, баръакс, иддао кард, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расидаанд".

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, пас аз ҳамлаи густурдаи ҳавоии Эрон ваъдаи пирӯзӣ дод. Вай рӯзи 14-уми апрел дар як паём дар шабакаи "X" (Твиттери пешина) навишт, ки "мо ҳамларо раҳгирӣ ва дафъ кардем ва якҷоя пирӯз хоҳем гашт."

Узви кобинаи ҷангӣ ва вазири собиқи дифои Исроил, генерал Бенни Гантс гуфт, "эътилофи минтақаӣ созмон дода, ба тарз ва замони барои мо муносиб баҳои ҳамларо аз Эрон хоҳем гирифт."

Ба гузориши мақомоти Исроил, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Эрон як пойгоҳи ҳарбӣ дар ин кишвар зарар дида, як духтари ҳафтсола маҷруҳ шудааст. Даниел Ҳагарӣ, сухангӯйи артиши Исроил, рӯзи 14-уми апрел гуфт, "аз ҳамлаи Эрон пешгирӣ шуд" ва онро "комёбии бисёр муҳими стратегӣ" хонд.

Расонаҳои Амрико ва Бритониё гузориш доданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи онҳо дар сарнагун кардани ҳавопаймо ва мушакҳои Эрон ширкат кардаанд.

Ҷо Байден бо тими амнияти миллии Кохи Сафед. Вашингтон, 13-уми апрели 2024

Бисёре аз ҳукуматҳои ҷаҳон ҳамлаи Эронро маҳкум карданд. Дабири кулли Созмони Милал гуфт, аз авҷ гирифтани низои вайронгар дар минтақа сахт нигарон аст. "Ман борҳо таъкид кардаам, ки минтақа ва ҷаҳон ба як ҷанги дигар қодир нест," – афзуд Антонио Гутерриш.

Миср ба хештандорӣ хонд. Бритониё ҳамларо "беэҳтиётона" номид ва Олмон аз Эрон хост, ки онро "фавран бас кунад". Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу суҳбат кард ва "аҳди муҳками Амрикоро ба амнияти Исроил" бори дигар ёдрас шуд.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт: "Исроил тавоноии қобили мулоҳизаеро барои дифоъ аз худ ва шикасти ҳамлаҳои бесобиқа нишон дод ва ба душманонаш паёми рӯшан фиристод, ки онҳо наметавонанд ба таври муассир ба амнияти Исроил таҳдид кунанд."

Манбаъ: Эрон Туркияро огоҳ карда буд

Як манбаи дипломатии Туркия рӯзи 14-уми апрел ба хабаргузории Reuters гуфт, Эрон пеш аз амалиёти тарҳрезишудааш алайҳи Исроил Анкараро огоҳ карда буд. Ба қавли ҳамин манбаъ, гуё Вашингтон ба воситаи Туркия ба Эрон расондааст, ки амалиёт бояд "дар доираи муайян" бошад.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, ки ҳампаймонҳои минтақаии Теҳрон аз ҳамлаҳои ҳавоии он ба Исроил хабардор карда шудаанд. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён бе овардани номи кишваре гуфт: "Табиист, ки 72 соат пеш аз амалиёт ба дӯстони худ дар кишварҳои минтақа иттилоъ додем, ки посухи Эрон қатъӣ ва дақиқ аст."

Исроил субҳи 14-уми апрел гуфт, ҳарими ҳавоии худро барои ҳаракати тиҷоратӣ кушод ва фурудгоҳҳо ба кор сар карданд.

Теҳрон ҳамлаашро посух ба ҳуҷуми ҳавоии Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ номид

Телавиву Теҳрон даҳсолаҳо боз душмани ашаддӣ ҳастанд, аммо ин ҳамлаи аввалини мустақими яке аз тарафҳо ба хоки дигаре буд. Ҳамларо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон анҷом додааст. Теҳрон онро посух ба ҳамлаи Исроил ба консулгарияш дар шаҳри Димишқи Сурия донист. Ҳамла рӯзи 1-уми апрели имсол анҷом шуда буд.

Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад Эрон барои пешгирӣ аз густариши низоъ дар минтақа бархӯрди эҳтиёткорона дорад ва намояндагияш дар Созмони Милал гуфтааст, "ин масъаларо тамомшуда ҳисоб кардан мумкин аст."

Муҳаммад Боқирӣ, сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ба воситаи телевизиони давлатии ин кишвар ба Исроил ҳушдор дод, ки интиқом нагирад, вагарна "вокуниши Теҳрон аз амалиёти низомии имшаб ба маротиб бештар хоҳад буд." Вай инчунин гуфтааст, агар Вашингтон ба Исроил дар ҳамагуна интиқомгирӣ мадад кунад, Эрон моликияти Иёлоти Муттаҳидаро нишон хоҳад гирифт. "Амалиёти мо ба охир расид ва мо қасди идомаи онро надорем," – гуфт Боқирӣ.

Як рӯз пеш аз ҳамла

Пеш аз ин ҳамла, рӯзи 13-уми апрел, расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки нерӯҳои Сипоҳи посдорон як киштиро дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз тасарруф карданд. Онҳо иддао доштанд, ки киштӣ ба Исроил марбут аст.

Дар пайи ин ҳодиса Исроил гуфт, ки артиши худро ба ҳолати омодабош даровард ва бо нигаронӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ мактабҳоро баст. Телавив Эронро ба роҳзанӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки пайомадҳои шиддат ёфтани таниш дар Ховари Миёна ба дӯши Теҳрон хоҳад буд.

Дар айни замон танишҳо миёни Эрон ва Ғарб бар сари идомаи ҷанги Исроил дар Навори Ғазза афзоиш ёфтааст.

Ҷангҷӯёни "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамла ба баъзе аз шаҳрҳои Исроил ҳудуди 1200 нафарро кушта ва 250 нафари дигарро гаравгон гирифтанд. Вазорати тандурустии Навори Ғазза мегӯяд, дар шаш моҳи охир дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил беш аз 33 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

Аз оғози ин ҷанг, Теҳрон ба таври ошкор аз гурӯҳҳои тундрав пуштибонӣ мекунад ва ин боис ба нигарониҳо аз як низои васеътар дар Ховари Миёна шудааст.