Гумонбари нав дар қазияи ҳамла ба "Крокус"

Дар минтақаи Чехови вилояти Маскав ҷустуҷӯи як гумонбари нав дар пайванд ба ҳамлаи террористии"Крокус" идома дорад.

Шабакаҳои телеграми наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хабар доданд, ки гумонбари нав дар ин парванда фарде бо номи Николай Сурнов аст. Ба навиштаи расонаҳо ӯ писари афсари мустаъфии Русия аст.

Ба иттилои шабакаи База, фарди муттаҳам аз нерӯҳои амниятӣ, ки ӯро таъқиб мекарданд, фирор намуда, дар ҷангали наздикии деҳаи Мешерское пинҳон шудааст. Лаҳзаи таъқиб дар видео сабт гардидааст. “Новая газета Европы” навиштааст, гумонбар сокини шаҳри Королев буда, ба таъмири мошинҳо машғул будааст.

Шабакаи ВЧК-ОГПУ маълум кардааст, ки Сурнов писари подполковники мустаъфии нерӯҳои стратегии ҳастаии Русия, Сергей Сурнов мебошад. Вай дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки писараш чанд ҳафта пеш ба аёдати ӯ омада буд. “ Ӯ тамоми умр мошин таъмир мекард ва соҳибмаълумот ҳам нест. Хидмати ҳарбӣ накардааст. Бори охир ӯро шояд ду ҳафта пеш дида будам. Барои 15 дақиқа меҳмонӣ омада буд. Пурсидам, ки куҷо шитоб дорад, гуфт, дар хона кор дорад ва бояд биравад.”- афзуд, Сергей Сурнов, падари гумонбари ҳамла дар Маскав.

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Маскав, қарори ҳабси Диловар Исломов аз гумонбарони дигари ҳамла ба Крокусро қонунӣ хонд. Диловар Исломов шаҳрванди Тоҷикистон ва узви сеюми хонаводаи Исломовҳо аст, ки ба фуруши мошин ба ҳамлаварони “Крокус” айбдор дониста мешавад. Ӯ аз қарори ҳабсаш шикоят карда, хостори бозбинии парвандааш шуда буд.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.

То кунун ёздаҳ нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳамла ба ҳабс гирифта шудааст. Даҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Се нафари онҳо ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистаанд.