Дар доираи як тарҳи панҷсола дар қатори Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ба хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон ҳам ёрӣ мерасонанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти барномаи ғизои СММ, рӯзи 1-уми апрел намояндагии ин созмон бо ҳадафи омӯзиши вазъи замин ба корхонаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бо малах" 10 килои доруи баландсифати табиии зидди малах ва 20 планшети махсус барои ҷамъоварии маълумот додааст.
Ин дору дар таркибаш давои бо номи “Metarhizium acridum” дорад ва ба қавли мутахассисони СММ барои мубориза бо малах бисёр самарбахш буда, ба саломатии инсон ва ё таркиби замин таъсири манфӣ намерасонад.
Аз ин роҳ дар Тоҷикистон нахустин таҳқиқоти зидди малахи марокашӣ баргузор хоҳад шуд. Раҳбари корхонаи "Экспедитсияи мубориза бо малах" Нусратулло Нозанинзода дар маросими тақдими мавод гуфтааст, дар давоми 12 соли гузашта ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ дар мубориза бо малах самарбахш будааст.
Ҳуҷуми малахро мутахассисони СММ бо тағйироти иқлим ва чанд омили дигари экологӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ин мушкил ба амнияти ғизо ва эътидоли иқтисодии кишвар таҳдид мекунад.