Марк Денисов, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Красноярск, мегӯяд, "як тамоюли бисёр ташишовар мушоҳида мешавад. Коҳиши зиёди маҳбусон дар зиндонҳо дар шароити "амалиёти махсуси ҳарбӣ" (Русия ҷангашро дар Украина чунин меномад - РО) ва бастани зиндонҳо бо баҳонаи беҳтар кардани шароити иқтисодӣ."
Ҷалби маҳбусонро ба ҷанги Русия дар Украина гурӯҳи муздурии "Вагнер" оғоз кард. Ҳоло Вазорати дифои Русия бо ҳамон тарз зиндониёнро ба ҷанг ҷалб мекунад. Табқи баъзе аз ҳисобҳо аз оғози ҷанг дар соли 2022 ҳудуди сад ҳазор маҳбусро аз зиндонҳои Русия ба Украина бурдаанд.
Владимир Путин, президенти Русия, дар соли 2023 қонунеро имзо кард, ки ҳаққи ҷалби маҳбусонро ба артиш медиҳад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Олга Романова, раиси созмони “Зиндониҳои Русия” гуфт: "Воқеан, банди нав, ки ҳоло дар қонунҳои Русия ҳаст, иҷозат медиҳад, гумонбаршудаҳоро аз боздоштгоҳ ҷалб кунанд. Ҳанӯз гуноҳи ин одам исбот нашуда, аллакай ба ҷанг мефиристанд. Гумонбар, ки боздошт шуд, тамом, метавонад барои ба ҷанг рафтан номнавис шавад. Ин гурӯҳ то зиндон намерасанд.”
Ба бисёре аз маҳбусон ваъда мешавад, ки пас аз шаш моҳи ширкат дар ҷанг озод мешаванд. Би-би-сӣ аз қавли маҳбусони ҷалбшуда навишт, ки ба онҳо гуфтаанд, то поёни ҷанг бояд дар сафи артиш бимонанд.
Ҳамзамон Русия дар минтақаҳои ишғолкардааш дар Украина боздоштгоҳҳо месозад. Расонаҳо аз оғози сохтмони 25 боздоштгоҳ хабар додаанд. Созмони “Зиндониҳои Русия” мегӯяд, кормандони зиндонҳо низ ба ҷанг ҷалб шудаанд.
Олга Романова, раиси созмони “Зиндониҳои Русия”, афзуд: “Кормандони муассисаҳои ислоҳӣ аблаҳ нестанд. Онҳо намехоҳанд, ки ба ҷанг раванд. Онҳо шартнома имзо кардаанд, ки онҷо раванд ва дар минтақаҳои ишғолӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳои навбунёд кор кунанд. Онҳо дар онҷо ба шиканҷаи партизанҳои украинӣ машғул мешаванд. Ба ҳеч шакле намехоҳанд ба хати аввали ҷанг раванд.”
То оғози ҷанг гуфта мешуд, ки дар зиндонҳои Русия ҳудуди даҳ ҳазор тоҷикистонӣ маҳбус аст. Аз кушта шудани даҳҳо маҳбуси тоҷик дар ҷанги зидди Украина хабар расид. Омори расмие дар даст нест, ки чӣ теъдоде аз маҳбусони тоҷик ба ҷанг ҷалб шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо як дафъа тасдиқ карда буданд, ки аз як маҳбас ҳудуди сад тоҷик ба ҷанг ҷалб шудааст.