Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1858 имтиёз дар байни 211 даста дар ҷойгоҳи аввал аст.
Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1840,59 имтиёз дар ҷойгоҳи дуюм ва Белгия бо 1795,23 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудаанд.
Аз байни тимҳои мунтахаби кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (22-юм, 1568,86 имтиёз), Русия (35-ум, 1504,02 имтиёз) ва Узбекистон (64-ум, 1386,58 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (100-ум), Қазоқистон (103-юм), Озарбойҷон (112-ум), Эстония (123-юм), Латвия (136-ум), Литва (137-ум), Туркманистон (143-юм) ва Молдова (153-юм) пеш аст.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 16-умро азони худ кардааст.
Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум мебошад.
Тими миллии Тоҷикистон моҳи март ду бозии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро дар гурӯҳи “G” бо дастаи Арабистони Саудӣ баргузор карда, дар Риёз бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд ва бозиро дар Душанбе бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.
Ҳамин тариқ, тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар ду дидор бо футболбозони Саудӣ аз панҷ имтиёз бенасиб монд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ бо касби 10 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо касби 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Тоҷикистон бо касби 5 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст. Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “G” 6-уми июн баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Урдун рақобат мекунад. Бозии дигар миёни дастаҳои мунтахаби Покистон ва Арабистони Саудӣ сурат мегирад.
Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.
То ҳоло аз рӯи натоиҷи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар минтақаи Осиё ҳафт дастаи мунтахаб – Қатар, Эрон, Узбекистон, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Австралия пешакӣ ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ пайдо кардаанд.