Ба гуфтаи муҳоҷирон, теъдоди камеро бо ҷарима раҳо карда, аммо қарори ихроҷи аксарият содир шудааст. Муҳоҷироне, ки ҷарима шудаанд, мегӯянд, бо тарс зиндагӣ доранд.
"Дигар намедонам ба куҷо равам, куҷо наравам. Ҳатто ба мағоза тарсида меравам. Ин чӣ аҳвол аст, намедонам. Барои ду-се кас ин қадар мардумро азият доранд. Ҳуҷҷат дорӣ, надорӣ, фарқ надорад, ҳамаро пеш мекунанд. Додарамро ӯ рӯз боздошт карда, якумра ихроҷ карданд. Пурсиданд, ки чаро, гуфтанд, мехоҳем, ҳамин хел мекунем, яъне бе сабаб," – нақл кардааст яке аз муҳоҷирон. Ба далели амниятӣ номи ҳамсуҳбатон дар Русия навишта намешавад.
Аз ҷараёни "амалиёт"-и нерӯҳои ОМОН дар хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик баъзе аз наворҳо дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар онҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон даст ба пушти ҳам ҳаракат доранд. Баъзе аз муҳоҷирон даст ба пушт рӯи замин хобидаанд.
Боздошту тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия пас аз ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус" сахттар шудааст. Аз гӯшаву канори Русия хабар мерасад, ки муҳоҷиронро даста-даста боздошт ва бархеро ҷарима ва бархеро ихроҷ мекунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад