Расонаҳои марбут ба истихбороти “Толибон” дар робита ба боздошти омилони ин ҳамла навиштаанд, ки “Тоҷикистони пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон, ба бузургтарин манбаи тавлиди тафаккури доишӣ табдил шудаасту шаҳрвандони он даҳҳо ҳамларо дар саросари ҷаҳон анҷом додаанд.” Ин расонаҳо ҳамчунон мегӯянд, ки “12 ҳамлаи интиҳории бузург” дар Афғонистонро “доишииҳои тоҷиктабор” анҷом додаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар дидори ахираш бо ходимони дин гуфт, дар се соли охир 24 тоҷикистонӣ дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ, даст задаанд ва ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.
Дар пайванд ба ин, мо коршиноси масоили экстремизм ва терроризм, диншинос, Рустам Азизиро ба суҳбат даъват кардем.
Дар ҳамла шубҳа нест, вале...
Радиои Озодӣ: Ҳамлаи террористӣ ба толори консертӣ дар Маскав ва боздошт шудани гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, зоҳиран ҷомеаро ба ду бахш ҷудо кард. Бахше бовар надоранд, ки ин кори дасти тоҷикон аст ва бархеи дигар, баръакс, мегӯянд, онро тоҷикон анҷом додаанд. Шумо чӣ фикр доред?
Рустам Азизӣ: Дар оғоз барои ҳамаи қурбониёни ин фоҷиаи нангин изҳори таслият мекунам. Сараввал бояд бигӯем, ки ҳама намуди фаъолияти террористӣ ва хушунат накӯҳида аст ва бояд чунин ҳам пазируфта шавад. Вале он чизе, ки шумо баён кардед, ношӣ аз омилҳои воқеӣ ҳаст. Дар ин ки, ин амал аз сӯйи ДОИШ-и Хурсон содир шуд, бештари коршиносон шубҳае надоранд, аз ҷумла шахсан ман ҳам. Вале он тавре, ки ин масъала дар расонаҳо бозгӯ мешавад, воқеан ҳам дар назди ҷомеа саволҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад, ки ин суолҳо бештар аз посухҳо ҳастанд. Ба он шевае, ки ин масъала дар расонаҳои русӣ бозгӯ шуд, худ омили пайдо шудани чунин андешаҳо ва назарияҳои тавтеа аст. Чун аз ибтидо ин омил аз рӯйи назарияи тавтеа ба қудратҳои ҷаҳонӣ нисбат дода шуд ва тамаркуз рӯйи ДОИШ набуд. Баъдан, чун ривоят тағйир ёфт, табиист, ки корбарон ва ҷомеа ба таври умум метавонад андешаҳои гуногун дошта бошад. Ҳоло ин нафароне, ки шумо зикр кардед, танҳо гумонбар ҳастанд ва аз рӯйи асли бароат (эҳтимолияти бегуноҳӣ) то замоне, ки бо қарори расмии додгоҳ ҷурми онҳо собит нашуд, мо наметавонем қаблан хулосабарорӣ кунем. Вале аслан бубинед, расонаҳои Русия аз рӯйи эҳсосот ва ҳатто баъзе аз коршиносону корбарони тоҷик низ аллакай хулосаҳои пешакии худро бароварда онҳоро ҳамчун террорист ном мебаранд ва бархеи дигар, албатта бо шеваи бархурди мақомоти қудратии Русия норозӣ ҳастанд. Ҳоло бархурди ҷомеаи тоҷик барои мо баъзе аз воқеиятҳои хуфтаро нишон дод. Яъне, маълум шуд, ки ҷомеа дар баробар ин ин чолиш ҳанӯз мавқеи муайян надорад ва агар нигоҳ кунед, як қисмат аз инҳо рӯ гардонданд, ки инҳо тоҷик нестанд, шаҳрванд нестанд, ки ин ҳам як намуди ифрот аст. Гурӯҳи дувум хостанд, ки инҳоро бегуноҳ номанд, ки ҳанӯз на барои гунаҳкор ва бегуноҳии онҳо далелҳои қатъӣ пешниҳод нашуд.
“Ба доишиҳои сарсахт шабоҳат надоранд”
Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи ифротгароӣ ва терроризм таҳқиқоти зиёде доред ва ҳамчунин бо касоне, ки ба ин гурӯҳҳо пайвастаанд ва аз марказҳои доғи Ироқу Сурия бозгардонда шудаанд, дар боздоштгоҳҳо кор кардаед. Оё онҳое, ки дар Маскав боздошт шуданд, ба пайравони гурӯҳҳои террористӣ монанданд?
Рустам Азизӣ: Бубинед, ман ҳоло наметавонам аз он чизҳое, ки марбут ба мурофиа аст бигӯям, вале зоҳиран он чизҳое, ки дар расонаҳо барои мо намоиш дода шуд, ин афрод ба он доишиҳои сарсахти воқеӣ шабоҳат надоранд. Чун як намуди итминон, як намуди боварӣ ба андешаи худ зоҳир накарданд. Он касоне, ки пайрави воқеан ашаддиву сарсахти андешаҳои ифротӣ ҳастанд, онҳо ифтихор мекунанд аз он амале, ки анҷом медиҳанд. Бо як навъи виқор, бо такбир бо як шиорҳои хеле буланд, хусусан дар рӯ ба рӯйи дурбинҳо хеле ва хеле худнамоиҳои зиёд мекунанд. Аз ин рӯ, агар ҳам ин афрод дар ин амалиёт нақше доштанд, аммо нақши калидӣ набуд. Агар бигӯйем, ки нақши калидӣ ин ба гумон аст. Ба он хотир, ки зоҳиран агар пайваста бошад, ба ин ҷараёнҳо дар хеле як вақти наздик пайвастааст ва ҳанӯз ҳам мағзҳои онҳо ин андешаро пурра напазируфт ва аз нигоҳи аввал, ҳеч ба истилоҳ ба ифротии мутаассиб монанд нестанд.
Радиои Озодӣ: Яъне шумо мехоҳед гуфтан, ки инҳо истифода шуданд? Ба кадом далелҳо?
Рустам Азизӣ: Бале. Ин чизро мо зиёдтар мебинем. Дар ҳар намуди амалиёти террористӣ ва созмонҳои ифротӣ вазифаҳои гуногунанд. Яъне, касе аст дар раҳбарият, касе аст дар размиён ё ҷанговарон. Ва инҳо танҳо як маводи масрафӣ шуданд дар ин ҷо. Ба истилоҳ танзимгарон, касоне, ки онҳоро мусаллаҳ карданд, тарҳрезӣ карданд ин нақшаҳоро, мутмаинам, ки ин афроди боздоштшуда нестанд. На савобиқашро доранд ва аз он чизҳое, ки зоҳиран маълум аст зарфияту имкони анҷом додани ин корҳоро надоранд.
Радиои Озодӣ: Воқеаи “Крокус” ва таркишҳои дигар, аз ҷумлаи ҳодисаи Кирмони Эрону ҳаводиси Афғонистону Туркия суҳбатҳоро аз афзоиши тоҷикон дар фаъолияти ваҳшатафканонаи ДОИШ бештар кард. Оё чунин афзоиш ҳақиқат дорад?
Рустам Азизӣ: Бале, мутаассифона. Омори расмӣ ҳам ҳаст ва чихеле шумо зикр кардед, дар суханронии сарвари давлат ҳам ин масъала зикр шуд. Мутаассифона, солҳои охир сатҳи гаравиш ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷониби тоҷикистониён рӯ ба афзоиш дорад. Вале онҳо дар ин гурӯҳҳо вазифаҳои баландро намегиранд, бештар ба унвони ҷангиёну интиҳориёни қаторӣ ҳастанд. Мо наметавонем бигӯйем, ки тоҷикон дар ДОИШ-и Хуросон ё созмонҳои дигар нақшҳои калидӣ доранд. Бештар ҳамчун пешмаргаҳостанд.
Аз иддаои Толибон то воқеият дар Тоҷикистон
Радиои Озодӣ: Яъне афроди тасмимгирандаву стратегҳову барномарезҳо нестанд?
Рустам Азизӣ: Ҳатто ҷангиёни сатҳи боло ҳам нестанд.
Радиои Озодӣ: Ин иддаои “Толибон” чӣ, ки гуфтаанд, “Тоҷикистон ба бузургтарин кишвари тавлиди тафаккури ДОИШ-ӣ табдил шудааст?”
Рустам Азизӣ: Бале-бале. Ин иддао худ баёнгари асли ин воқеа аст, ки чаро тоҷикон бештар ин авохир дар робита ба ДОИШ-у терроризм зикр мешавад. Дар ин ҷо ду омил аст. Яке ин аст, ки Тоҷикистон ба мисли тамоми кишварҳои дигар, ҳукумати Толибонро ба расмият напазируфт. Аммо агар кишварҳои дигар инро ба таври қотеъона ва ошкор баён надоштанд, вале Тоҷикистон чун мавқеи худро бисёр устувору қотеъ баён кард, ин масъала бисёр расонаӣ шуд ва аз ҷониби баъзе расонаҳои хориҷӣ хеле бузург нишон дода шуд. Гӯё Тоҷикистон танҳо кишваре аст, ки Толибонро ба расмият напазируфт ва муқовимат дорад. Ё аз пешсафони муқовимат бо Толибон аст. Ин албатта чунин танишҳоро дар фазои иттилоотӣ ва танишҳои идеологии мо зиёд кард. Ва омили дувум ин аст, ки Толиб ба хотири манофеи худ, бояд кӯшиш кунад, ки ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои Тоҷикистон собит кунад, ки “бале, ҳарчанд мо бачаҳои хуб нестем, вале бачаҳои ҳастанд, ки аз мо бадтаранд ва агар хостед, ки бо он бачаҳои бадтар бархурд дошта бошед, ҳатман бояд бо мо дар як сатҳе гуфтугӯ дошта бошед.” Дигар, ин иддаое аст, ки Тоҷикистон худ то як андоза гӯё дар муқовимат ба ин таҳдид ноком аст. Аз ин рӯ, он чи шумо зикр кардед, дар Эрон ё худи Афғонистон ва ҳатто Туркия, тоҷикистониён дар вазифаҳои бисёр паст, бештар ҳамчун интиҳорӣ истифода шуданд. Бубинед, агар онҳо аз ҳамон минтақаҳое, ки он ҷо ДОИШ-и Хуросон қарор дорад, яъне минтақаҳои наздисарҳадии афғонистон бо Покистон тамоми масири онҳо аз Афғонистон то кишвари Эрон ва баъдан кишвари дигар минтақаҳое буд, ки зери контроли Толибон ҳастанд. Ин ҷо мо ба назарияи тавтеа намеравему намегӯйем, ки Толибон инро дастгирӣ карданд, вале хеле сахт монеъ ҳам нашуданд.
Радиои Озодӣ: Хулосаи суҳбати шумо ин аст, ки ин изҳороти Толибон як изҳороти уқдаӣ аст.
Рустам Азизӣ: Бале.
Радиои Озодӣ: Аммо дар воқеъ шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон дар Афғонистон ҳастанд, ки инро омори расмии мақомоти Тоҷикистон низ таъйид мекунад.
Рустам Азизӣ: Мо инро инкор накардем. Мо дар баробари пӯшиши иттилоотии масъала суҳбат кардем. Яъне, бубинед, дар ин амалиёт на танҳо тоҷикон ва тоҷикистониён, ширкат мекунанд. Чанде пеш, дар ҳамин моҳ як узбектабор дар як амалиёт дар Кандаҳор ширкат кард, аммо ин масъала зиёд расонаӣ нашуд. Аммо агар ин ҷо ягон тоҷик мешуд, пӯшиши иттилоотии он ба маротиб бештар буд.
Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, чаро ҳузури тоҷиконро бузургнамоӣ мекунанд? Ягон бозиҳо пушти парда ҳаст?
Рустам Азизӣ: Ду чиз ҳаст. Чуноне ки зикр кардам, якум он мавқеи қотеъонаи Тоҷикистон. Вале ба ҳар ҳол, мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро ҳамчун воқеият пазируфт. Инро бояд эътироф кунем. Хушашон меояд намеояд, вале инро бояд чун воқеият пазируфт. Дар ин ҷо онҳо ҳам уқдаӣ ҳастанд, ки чӣ гуна мешавад як кишваре, ки нисбатан қудрати камтар дораду кӯчак аст, вале чунин мавқеи қотеъона дорад. Ва мо ки ин ҳама шиорпарто будему ин ҳама ҳомии ҳуқуқи башар будем ва мо ки ин ҳама масъули арзишҳои демкоративу инсонӣ будем, имрӯз наметавонем чунин садоҳоро баланд кунем.
“Гулмурод Ҳалим ва Абу Усома муҳоҷир набуданд”
Радиои Озодӣ: Аммо як нукта дар ҳамин изҳороти Толибон, ки “ба бузургтарин кишвари тавлидкунандаи тафаккури доишӣ табдил шудааст” бисёр гапи калон аст. Оё воқеан ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон заминае барои сарбаланд кардан доранд?
Рустам Азизӣ: Бале, бубинед. Мо собиқае, ки дорем собит мекунад, ки воқеан ҳам решаҳову пойгоҳи ҳама гуна андешаҳои ифротии исломгароёна дар мо вуҷуд дошт ва имрӯз ҳам то андозае вуҷуд дорад.
Радиои Озодӣ: Дар дохил?
Рустам Азизӣ: Бале, дар дохил. Мо бештар кӯшиш мекунем дар фазои иттилоотӣ бигӯйем, ки ин ҳама раванд дар муҳоҷират сурат мегирад, вале чунин нест. Мо мебинем, ки хеле аз афроде ҳастанд, ки аз дохили кишвар ба ин гурӯҳҳо ҷалб шуданду пайвастанд, ки аслан ба хориҷ сафаре ҳам накарда буданд. Байни инҳо ҳам афроди таҳсилкарда буду ҳам афроди гуногун. Барои ҳамин мегӯям, ки ифротишавӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ тақрибан баробар аст ё ба андозаи зиёд фарқ намекунад. Чанд фарди сатҳи хеле болои доишиҳо, ки аз ҳисоби ҷанговарон ва мубалиғони доишӣ, ки зикр шуданд, ба мисли сарҳанги собиқ Гулмурод Ҳалимов, (сардори ОМОН-и ВКД - РО) ё Абу Холид ё Абу Усома инҳо ба муҳоҷират коре надоштанд. Ифротишавӣ ва басиҷи онҳо дар ҳамин дохили Тоҷикистон сурат гирифт. Аммо имрӯзҳо ин чиз камтар аст. Чаро? Чун тактики басиҷсозии ДОИШ тағйир ёфт. Дар солҳои қаблӣ, дар солҳои 2011 то 2015 онҳо ниёз ба ҷангиёни зиёд доштанд, чун дар Сурия ва Ироқ ҷанги мустақим доштанд ва барои онҳо ба истилоҳ артиш лозим буд. Миқдори зиёд лозим буд, зеро ҳузури низомӣ доштанд, вале имрӯзҳо он имкониятҳое, ки гурӯҳҳои боқимондаи ДОИШ ва он гурӯҳҳое, ки зоҳиран ба номи ДОИШ пайвастанд, вале усулан доишӣ нестанд. Мисли ҳамин ДОИШ-и Хурсон, ки аслан он доишии клоссикие, ки дар Ховари Миёна буд, нестанд. Ҳоло ниёзи ҷанги майдонии зиёд надоранд. Аз ин рӯ, бештар талош мекунанд, ки ҳалқаҳои хуфта ташкил кунанд дар кишварҳои гуногун ва бештар даст ба амалиёти террористӣ ё ҷангҳои чирикӣ бизананд. Барои онҳо беҳтар аст, ки дар минтақаҳои гуногун ҳалқаҳои хуфта бошад, ки дар он ҷо аъзои сатҳи гуногун: аз тарроҳону текнисиянҳо то интиҳориёни қаторӣ бошанд, ки нақшаҳои ин созмонҳоро амалӣ кунанд. Аз ин рӯ, аз соли 2019 ба баъд, ҳам мувофиқи арзёбиҳои коршинсон ва ҳам мувофиқи баёнияҳои худи ин гурӯҳҳои ифротӣ, таваҷҷӯҳи бештар барои ҷалбу эҷоди халқаҳои хуфта дар кишварҳои гуногун аз ҳисоби муҳоҷирон ё намояндаҳои бумии Осиёи Марказӣ ё худи Афғонистон аст. Чун дар Русия ё кишварҳои Аврупо, ҳатман шаҳрвандони мо ҳастанд, барои ин гурӯҳҳои ифротӣ аз он ки ифротиён ё интиҳориёнро интиқол диҳанд аз Афғонистон ба Аврупо, беҳтар аст, ки бо он маводу имконоте, ки дар он ҷо дастрас аст сару кор кунанд ва ҳалқаҳои хуфта таъсис дода барои амалиёт истифода баранд. Як вижагии дигар аст, ҳалқаҳои хуфта, сарфи назар аз номи хуфта, ҳалқаҳои доимамалкунанда нестанд. Зуд таъсис меёбанд ва зуд истифода мешаванд. Зеро ба муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани он рискҳои зиёде дорад, ҳам аз нигоҳи амниятӣ ва ҳам аз диди равонӣ. Ё аз сӯйи нерӯҳои амниятӣ ошкор мешаванд ё он ифротӣ вақте зуд истифода нашуд метавонад баъдан пушаймон гардад ё нисбат ба созмонҳои худ саволҳое пайдо кунад, ки чаро мо ба ҷиҳод намебароем. Аз ин рӯ, ин ҳалқаҳо ҳалқаҳое ҳастанд, ки ба мисли “фаст фуд” зуд омода мешаванд ва зуд истифода мешаванд.
Радиои Озодӣ: Таркиби ҳаминҳое, ки ҷазбу ҷалб мешаванд чӣ гуна аст? Пештар иддао буд, ки бештар мардуми камсаводу, камхондаву таҳсилнадидаву ин чизҳо. Вале мо дидем, ки ҳатто номзадҳои илму таҳсилдидаҳо ҳам пайвастанд. Ҳатто аз Тоҷикистон мо ҳам ин гунаҳо пайвастанд?
Рустам Азизӣ: Дар созмонҳои террористӣ, мисли ҳамаи созмонҳо қишрҳои гуногун вуҷуд дорад. Яъне касоне ҳастанд, ки тасмимгиранда ҳастанд, касоне дар мудирият ва касоне ҳам аъзои қаторӣ. Албатта шеваи ҷалби ин қишрҳо, омилҳои такондиҳандаи онҳо ва умуман шеваи корбурду истифодаи онҳо фарқ дорад. Омилҳо ҳам гуногун ҳастанд. Дар Тоҷикистон мо дидем, ки як миқдори донишҷӯён, донишҷӯёни ҳатто муваффақ, ки тиб таҳсил мекарданд ва мо медонем, ки бачаҳое, ки тиб таҳсил мекарданд, бачаҳои бесавод нестанд. Ё касоне ҳастанд, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ мехонданд ва то андозае муваффақ буданд, инҳо ҳам ҷалб шуданд. Созмонҳои террористӣ ба ду намуди аъзо ниёз доранд. Яке аъзои сатҳи баланд, таҳсилкарда. Дорои дониш ва малакаҳо, мисли касоне, ки инжинерҳои бахши шимӣ (химия) ҳастанд, барои таркишҳо ё зинаи барқ ҳастанд. Ҳатто касоне, ки мутахассисони бахши IT (фанновариҳои иттилоотӣ) барои таблиғ ва ҳатто коршиносони бахши молия лозиманд барои ҷалби маблағ ва интиқоли он. Инҳо сатҳи баланд ҳастанд ва камтар дар амалиёти интиҳорӣ ширкат мекунанд. Вале он ҷангиёни ба истилоҳ, намехоҳам истифода аз истилоҳи пешмарга кунам, ба он хотир, ки истилоҳи то андозае хуб асту маънои манфӣ надорад, вале он “фидоиён” ё “гӯсфандҳои фидоӣ” арзиши кам доранд. Хеле зуд ҷалб мешаванд ва хеле зуд ҳам кушта мешаванд.
Омили динӣ ё сиёсӣ?
Радиои Озодӣ: Бубинед, оё дар ифротӣ шудани ҳамин гурӯҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, танҳо омили динӣ нақш дорад ё омилҳои дигаре, мисли омилҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ низ ҳаст? Мисли бекориву вазъи зиндагӣ ё уқдаҳои сиёсӣ.
Рустам Азизӣ: Ҳар як ҳолати ифротишавӣ аз маҷмуи омилҳо иборат аст ва ҳар як ҳолати ҷудогона метавонад дар он ҷо маҷмуи омилҳои калидӣ ва омилҳои дараҷаи дувум ва омилҳои такондиҳандаву боздоронад бошад. Вале агар мо кӯшиш кунем, ки ин омилҳоро дастабандӣ кунем, аз лиҳози арзёбиҳое, ки ман кардам ва арзёбиҳое, ки баъзе коршиносон мекунанд, дар ҷойи аввал бештар омил равониву ҳувиятӣ ҳастанд. Инҳо омили асосии такондиҳанда ҳастанд, чаро? Зеро ифротӣ шудан як намуди тағйири ҳувият аст. Як намуди посух ба чолишҳову буҳрони ҳувиятӣ аст. На танҳо ҳувияти миллӣ, баъзе маврид, ҳатто ҳувияти фардии шахс аст, ки ман кӣ ҳастаму кӣ мешавам. Агар нигоҳ кунем, ба он афроде, ки ба ин гурӯҳҳо пайвастанд, баъзе аз онҳо афроде ҳастанд, ки аз оилаҳои ба истилоҳ интернатсионалист рӯйидаанд. Яке аз волидайни онҳо ё рус буданд ё намояндаи қавмҳои дигар, ки агар замони шӯравӣ мешуд, шояд ба элитаи сиёсӣ табдил меёфтанд, вале дар шароити давлати муосир, инҳо то як андоза натавонистанд он уқдаҳо ва хоҳишҳои худро ҷо ба ҷо кунанд. Чуноне ки баъзе онҳо инро барои худ шарҳ додаанд, гӯё ба як намдуи ҷабрдидаву инсонҳои дараҷаи дувум табдил шуданд. Онҳо хостанд, ки камбуди тоҷикияти худро бо бештар мусулмон будан ҷуброн кунанд. Ин гурӯҳҳо ҳастанд ва мо дидем. Ҳатто ҳамин муҳоҷирони корие, ки камсавод ҳастанд, вақте онҳо дар муҳоҷират ифротӣ мешаванд, ин ҷо ҳам ҳамин омили буҳрони ҳувиятӣ ҳаст. Хусусан, афроди сатҳи поёне, ки кам таҳсил кардаанд ва дар умри худ касеро ба ҷуз хешу табор ва ҳамдеҳаҳои худ надидаанд. Вақте меуфтанд дар муҳите, ки намояндаҳои дини дигар ҳастанд, фарҳанги дигар ҳастанду дорои арзишҳои дигар ва забоне, ки барои ӯ бегона аст, дучори буҳрони ҳувиятӣ мешавад. Ва ҳатто агар рафт дар масҷид, дар он ҷо муллоҳо ё бо забони русӣ ё тоторӣ суҳбат мекунанд, ки намефаҳмад ва вақте баромад, аллакай мубаллиғони ифротӣ мунтазираш ҳастанд ва бо забони тоҷикӣ ё забони ба ӯ фаҳмо андеша пешниҳод мекунанд. Ман мегӯям, ин омилҳо шояд дар дараҷаи аввал бошанд. Чаро? Зеро ифротӣ шудан ин як протсеси зеҳнӣ аст.
Омилҳои дигар омилҳои мусоидаткунанда ҳастанд, бисёр муҳим ҳастанд, вале омили калидӣ нестанд. Агар мо бигӯйем, ки фақр ё қашшоқӣ. Бубинед, хеле аз кишварҳои фақир ҳастанд, ки чунин сатҳи ифротишавӣ надоранд ва ҳатто дар дохили Тоҷикистон низ бубинем. Ифротӣ шудан ин танҳо ҷавоб барои фақр нест, фақир метавонад дуздӣ кунад, фақир метавонад, Худо нигоҳ дорад, худкушӣ кунад, метавонад талбандагӣ кунад. Роҳҳои дигари посух ба ин фақр вуҷуд дорад.
Сеюм, он чӣ шумо гуфтед, маҳдудиятҳои сиёсӣ. Дуруст, инҳо ҳам метавонад аз омилҳои такондиҳанда бошад ва яке аз омилҳои эътирозҳо ҳам бошад.
Андешаҳои ифротӣ ва забони нафрат
Радиои Озодӣ: Биёед дар ҳамин ҷо як суолро матраҳ кунам. Масалан, бархе аз коршиносон гуфтанд, ки яке аз омилҳое, ки дар Тоҷикистон аз ҳисоби тоҷикон ифротишавӣ зиёд шуд ин аз саҳна рондани исломи сиёсӣ буд. Яъне баъди ин ҳамин раванд бисёр суръат пайдо кард. Ба ин фикр розӣ ҳастед?
Рустам Азизӣ: Мо ҳам ин андешаро дар бисёре аз гузоришҳо мебинем. Вале ман розӣ нестам, аввалаш, ки ин иддао ношӣ аз шунидани ҷониби ҷабрдида аст. Онҳо гуфтаанд, ки то замоне мо будем, вазъ чунин хатарзо набуд, мо ки рафтем вазъ чунин буҳронӣ шуд. Вале биойед бо забони арқом суҳбат кунем. Ҳанӯз дар соли 2014-2015, ки ҳузури исломи сиёсӣ дар мо расмӣ буд, мо қариб ду ҳазор ифротӣ доштем. Ва ҷараёнҳои гуногуни ифротӣ хеле садои баланд доштанд дар ҷомеа, ки садошон хеле баландтар аз исломи сиёсӣ шуда буд. Таъсири исломӣ сиёсӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротишавӣ хеле-хеле ночизу андак буд. Ҳатто агар шумо ба ривоятҳои ифротиён нигоҳ кунед, инҳоро гузина намедиданд. Мегуфтанд, ки инҳо рафтанду шуданд мақомдор ва такфир мекарданд, ки ба хотири мансаб аз арзишҳои исломӣ гузаштанд. Яъне барои ифротиҳо ҳамин чиз гузина нашуд. Ҳатто сатҳи таъсири ҳизби мамнуи наҳзат барои аъзои ҳизби худ чунон баланд набуд. Барои ҷомеаи мо ин чиз як кори табиӣ аст, ки дар ҳар бахше набошад, равобит байни қишрҳои боло ва пойин хеле паст аст ва мо наметавонем бигӯйем, ки ҳамин омили исломи сиёсӣ, омили бисёр муассир буд. Ҳарчанд, бояд эътироф кунему воқеъбин бошем, барои баъзе аз афрод, ки мехостанд ормонҳои сиёсии худро ё баъзе аз эътирозҳои иҷтимоӣ-сиёсии худро матраҳ кунанд, шояд як гузинае буд. Вале нақши он дар пешгирии ифиротишавӣ начандон муассир буд ва ҳатто огоҳона ё нохудогоҳ онҳо баръакс, барои нашри баъзе аз андешаҳои ифротӣ ва забони нафрат саҳим буданд.
Радиои Озодӣ: Хуб, аммо агар ин баҳсро ҷамъбандӣ кунем, шумо ҳам дар ҷараён ҳастед, ки ахиран дар ҷаласаи хоси Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро нигаронӣ шуду мансабдорони зиёде барканор шуданд. Дар мулоқоти ахир ҳам бо ходимони дин, раисҷумҳур гуфт 24 шаҳрванди мо дар 10 кишвар амалиёти террористӣ анҷом додаанд. Оё барномарезиҳову стратегияҳои Тоҷикистон ва ин қадар талош натиҷаи хубе надод, ноком буд?
Рустам Азизӣ: Бисёр саволи дуруст додед. Ягон барномае нест, ки сад дар сад муваффақ бошад. Ин барномаҳо дар баробари муваффақиятҳое, ки доштанд, шеваи татбиқи онҳо бештар расмӣ буд. Ва он шохисаҳо ё индикаторҳои расмие, ки барои татбиқи ин барномаҳо буд, воқеан ҳам назаррасанд. Яъне миқдори вохӯриҳо, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ ё корҳои таблиғотӣ. Воқеан ҳам сатҳи огоҳии мардум зиёд шуд. Инро бояд эътироф кунем, чун пурсишҳои сотсиологӣ инро таъйид мекунанд. Афви чандинбора, тағйирот дар қонунгузорӣ, ҳамаи инҳо муваффақиятанд. Мо бояд аз инҳо бо садои баланд бигӯйем, ки Тоҷикистон бо фарқ аз кишварҳои ҳамсоя барои ҷиноятҳои террористӣ, шаҳрвандии касеро бекор накард, яъне ин асоси ҳуқуқӣ нест. Аммо дар минтақа, дар ҳамаи кишварҳои ҳамсоя чунин қонун ҳаст. Ҳамин, ки фард ба гурӯҳи эстремистиву террористӣ шомил шуд, шаҳрвандии ӯ бекор мешавад. Шаҳрвандӣ, ки бекор шуд, давлат дигар аз тамоми масъулиятҳо шона холӣ мекунад. Ё баргардонидани занону кӯдакон аз Ироқу Сурия. Ин ҳама дастовард аст.
Вале дар сатҳи тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ бар зидди ин падида муваффақиятҳои чандон баландеро мо наметавонем бигӯйем. Дувум дар сатҳи баланд бардоштани муқовимат ё устувории ҷомеа ва устувории фардӣ ҳанӯз ҳам кор зиёд аст. Барои чӣ? Он барномаҳое, ки қабул шуд, ба нақшаи амал ҳам нигоҳ кунед, дар баробари ҳамаи дастовардоҳо, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан дар Стратегияи аввал, ҷалби расонаҳо, шарикони рушд ва ҷомеаи байналмилалӣ хеле андак буд. Ду соли ахир аст, ки мо дида истодаем, ки давлат фаҳмид, ки танҳо имконоти расмии давлатӣ барои ҷилавгирӣ басанда нест.
"Набояд дучархаро дубора ихтироъ кунем"
Радиои Озодӣ: Ҳамин нуктаи охир, ки гуфтед, танҳо имконоти давлат басанда нест. Агар хулоса кунем, чӣ корҳое бояд анҷом шавад, ки пеши роҳи ин раванд гирифта шавад? Манзурам чораҳои муассир?
Рустам Азизӣ: Набояд мо дучархаро дубора ихтироъ кунем. Баъзе аз унсурҳое ҳастанд, ки мо таҷрибаашро доштем ва метавонем онҳоро танҳо бозбинӣ кунему эҳё кунем. Дар он маҷмуи омилҳо дидем, баъзе ба мисли эҷоди ҷойҳои кору имконот барои ҷавонон, ин чизҳо барномаҳои дарозмуддатро талаб мекунад ва то андозае роҳандозӣ шуда истодаанд. Вале аз лиҳози идеологӣ бояд эътироф кунем, ки ривояти расмии мо чандон ривояти муассир нест.
Радиои Озодӣ: Манзуратон аз ривоят нарративҳо аст?
Рустам Азизӣ: Бале, нарративҳо. Он чи ки мо мегӯйем экстремизму терроризм ин бад аст, хуб ин маълум аст. Ниёзе нест, ки инро такрорану такроран бо шиори “нест бод терроризм” бигӯйем, ин як аксиома аст. Вале гузинаҳое пешниҳод кунем барои як ҷавон, ки ту бирав варзишкор шав, ту бирав забон омӯзу муваффақ шав, хеле камтар аст. Чи гуна ҳамин маъракаҳои расмӣ сурат мегирад? Мо мардумро ҷамъ мекунему мегӯйем, ки “нест бод терроризм.” Хуб, ҳама бо ин розӣ ҳастанд. Ба унвони шиор ин чизҳо хуб ҳастанд, вале мо бояд шиорро аз воқеият фарқ кунем. Масъалан мо вақте мегӯйем террорист ватану миллат надорад, ин ҳамчун шиор хуб ҳаст дар овезаҳову маҷлисҳо. Аммо ин дастуре нест, ки сармашқи кори худ гирем.
Барои одаме, ки фаъоли муқовимат бо терроризму экстремизм аст, бояд дарк кунад, ки ҳар касе ин амалро содир кард, ҳатман шаҳрванди як кишваре ҳаст ва ҳатман зодгоҳ дорад, дар куҷое таваллуд шуд ва ҳатман ба дине мансуб буд ё набуд. Сарфи назар аз он ки мо онҳоро аз худ дур кунем, ин чизҳоро наметавонем аз онҳо бигирем. Шиор хуб аст, дар рекламаву таблиғоти сиёсӣ шиор истифода мешавад, аммо дастурамал нест. Вақте як корманди ҳифзи ҳуқуқ як террористро дастгир кард, наметавонад аз рӯйи принсипи ин ки ин террорист ватан надорад, кори дигаре накунад. Бубинед, ҳамин шаҳрвандони моро, ки дар Русия дастгир карданд, авалин чизе садо дод ин буд, ки зодаи куҷо ҳастанд ва шаҳрванди кадом кишваранд. Ин чизҳо ҳаст, ки мо бояд ривоятҳои ҷогузини зиёдеро пешниҳод кунем, на як-ду ривоят. Ҳатто набояд номи терроризму экстремизмро зикр кунем. Яъне барои ҷомеа бояд имконоти зиёди ҷойгузинеро пешниҳод кунем, ки ба ғайр аз кори расмӣ барои соҳиби қути лоямуте шудан, боз имконоти зиёде дошта бошад.
Радиои Озодӣ: Яъне ҳузури онҳо дар иҷтимоъ таъмин шавад, ҷойи кор шавад, вазъи иқтисодӣ беҳтар шавад, ҳатто ҳузури онҳо дар бахши мақомоти давлат зиёд шавад?
Рустам Азизӣ: На танҳо дар мақомоти давлат. Масалан, вақте мо арзёбӣ кардем Стратегияи аввалро барои солҳои 2016-2020, бештар аз навад дар сади ҳар чизе, ки анҷом шуд, дар платформаҳои расмӣ анҷом шуд. Яъне фақат дар шабакаҳо, дидорҳои расмӣ, мактабу ҷамоаҳо, вале майдонҳои иҷтимоӣ барои матраҳ кардани ин масоил хеле ва хеле кам матраҳ буданд. Шумо ба унвони як рӯзноманигор, оё дар хотир доред, ки кадом як ҳунарпешаи мо, аз пеши худ бидуни супориши вазорати фарҳанг хесту иқдоме кард барои ҷалби ҷавонони як деҳа. Ё кадом як донишманд, аҳли ҳунар, шоир ё физикдони мо, гуфт, ки биё ман ҳатто бо ҷалби сармояҳои давлативу ҷамъиятӣ барои донишҷӯён дарси физик ё шабакае ташкил кунам, ки улуми поя татбиқ шавад. Хеле-хеле кам ҳастанд. Ҳатто руҳониёни мо ба ғайр аз минбари масҷид дар ҷойе дигаре нестанд. Ва дар минбари масҷид он чизҳое, ки онҳо мегӯянд, ман инро дар асоси тадқиқоти сотсиологӣ мегӯям, мардум мавъизаҳои домуллоҳоро ҷолиб намедонад. Ҳатто пурсидем, ҷавонҳоро, мегӯянд мо панҷ дақиқа пеш аз намоз меойем, домулло қиссаҳоеро бозгу мекунад, ки ҳато посухгӯйи ниёзҳои диниву равонии намозгузорон нест. Дар фазои иттилоотӣ ҳар чизе аз домуллоҳои мо матраҳ ҳастанд, инҳо тасодуфиянд. Яъне домулло рафт дар кадом маъракае, як мавъизае гуфт, касе забташ кард ва бидуни кадом барномае дар шабакаи иҷтимоӣ партофташ. Ҳатто силсилабарномаҳое, ки муқоиса кунем ба Узбекистон Қирғизистон, нест.
Суҳбати видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад