Боздошти боз як муҳоҷири тоҷик дар робита ба "Крокус"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав рӯзи 1 апрел як зодаи дигари Тоҷикистонро дар робита ба ҳамла ба толори "Крокус" то 22 май ба ҳабс гирифт. Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки барои таъмини гумонбарон бо ҷой "тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст".