Як мақоми амниятии Туркия рӯзи 29 март гуфт, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи 9 май аз Иёлоти Муттаҳида боздид мекунад.
Баъди соли 2019, ки Эрдуғон бо президенти пешин Доналд Трамп дидор кардаву бо ӯ муносибатҳои шахсии дӯстонае барпо карда буд, ин сафари аввалини ӯ ба Амрико мешавад. Пас аз интихоботи президент Ҷо Байден дар соли 2020, Анкара хостори мулоқоти дигари рӯ ба рӯ шуд.
Равобити миёни Вашингтону Анкара бо сабаби ихтилофи назар дар чандин масъала сардтар шуда буд. Анкара бо таъхири 20-моҳа ниҳоят бо узвияти Шведсия дар НАТО розӣ шуд ва равобити ду кишвар ҳам баъди ин беҳтар мешавад.