Бақит Қодиров, муовини сардори Раёсати консулии ВКХ-и Қирғизистон дар ин бора рӯзи 25-уми март дар мусоҳиба бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.
Вай гуфт, мақомоти Русия тафтиши шаҳрвандонро ҳангоми даромаду баромад аз ин кишвар сахттар кардаанд: "Русия дар ҳоли ҳозир чораҳои зиддитеррористӣ анҷом медиҳад. Санҷиши мусофирон шадидтар шудааст. Маълумот надорем, ки то кай амал хоҳад кард."
Бар асоси маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, теъдоди қурбониёни ҳамла ба толори консертӣ ба 137 нафар расид. 187 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамла шоми 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, ки 11 нафарро дастгир карданд.
Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав шаби 24-уми март чаҳор зодаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба ҳабси пешакӣ гирифт. Сарнавишти гумонбарони дигар феълан маълум нест.