Саргузашти ин нобино интиқоди зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Корбарон ба ҷуз аз ғоратгар, мақомотро ҳам танқид карданд, ки ба доди як нобинои муҳтоҷ нарасиданд.
Чанд рӯз аст, ки хушҳолӣ ба оилаи Аслиддин Ҷалилов баргаштааст. Онҳо тақрибан ним сол дуздро меҷустанд. Ба мақомоту бонк муроҷиат карданд, аммо натиҷае надод. Радиои Озодӣ 2-юми марти имсол дар бораи фирефтани Аслиддин Ҷалилов гузориш дод ва кор ранги дигар гирифт.
Аслиддин Ҷалилов 19-уми март гуфт, баъди пахши гузориши Радиои Озодӣ ӯро ба бонки "Душанбе сити" даъват карда, се ҳазор сомониро баргардонданд. Корти Аслиддин аз ҳамин бонк буд ва қаблан "Душанбе сити" ба ӯ посух дода буд, ки пайдо кардани ғоратгар кори мақомот аст.
"Корманди бонк гуфт, ки мо ҳамчун амали хайр ба шумо 3 ҳазор сомонӣ маблағ медиҳем, ҳаминро ба он хотир медиҳем, ки шумо дигар аз паси мақомот овора нашавед. Агар дуздро пайдо карданд, равед, агар даъват накарданд наравед, мо ин маблағро ҳамчун кумак медиҳем,»-мегӯяд Аслиддин Ҷалилов.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ 20-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, корҳои ҷустуҷӯи барои пайдо кардани ҷинояткор идома доранд. “Чанд касро оварда рубарӯ карданд. Ин мард ҳам набинад, фарзандаш ҳамроҳаш буд, лекин ҳамон одам набаромада истодааст. Корбарӣ идома дорад,”-афзуд Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин марди нобиноро 10-уми сентябри соли 2023 дар назди бозори “Корвон”-и Душанбе ғорат карданд. Он рӯз писари хурдсоли Аслиддин Ҷалилов дар беморхона бистарӣ буд ва наздиконаш ба корти бонкии ӯ 4 ҳазор сомонӣ гузаронданд. Марди нобино вақте бо духтараш барои гирифтани пул ба назди банкомат меравад, ҷавоне ба онҳо пешниҳоди кумак мекунад. Аммо ба гуфтаи Аслиддин Ҷалилов, он ҷавон ҳазор сомониро гирифта ба онҳо дод ва се ҳазори боқимондаро ғорат кард. Бо вуҷуди камераҳои банкомати бонки "Душанбе сити" ва ҳам бозор, дузд то ҳол пайдо нашудааст. Аслиддин ҳарчанд пулашро гирифт, аммо ҳамоно мехоҳад ҷинояткор пайдо шавад.
“Хоҳиш дорем, ки пеши роҳи ин гуна ҷинояткориро гиранд, решаашро канда партоянд. Имрӯз зарараш ба ман расид, пагоҳ ба як каси дигар мерасад. Барои ҳамин пайдо карданаш барои мо муҳим аст. Ин барои маъюбон мушкил аст,"-мегӯяд ин марди нобино.
Аслиддин Ҷалилов бо ҳамсар ва се фарзандаш дар манзили иҷорае дар канори Душанбе зиндагӣ мекунанд. Ҳамсараш ҳам аз як чашм маҳрум аст. Селофан мефурӯшанд ва рӯзона то 60-70 сомонӣ пайдо мекунанд. Давлат ба ин оила моҳона 900 сомонӣ нафақа медиҳад. Пули иҷораи хонаашон 1300 сомонӣ аст.
Зарафшон Хоҷаева, ҳамсари Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, маблағе, ки бо шавҳараш пайдо мекунанд, барои як зиндагии хуб намерасад.
"Бозор меравам, коробка медиҳанд, либосҳоро дар ҳамон андохтам. Пул надорем, ки ҷевон харида, либосҳоро дар он монем. Сад бор шукр. Шир мегирем, ширчой, гарсӯз, ширбиринҷ мекунем. Барои хариди чизҳои калон қувватамон намерасад. Боз ҳамсояҳо ва хешу табор ёрдам мекунанд,"-афзуд Зарафашон Хоҷаева.
Ғорат шудани як нобино солҳои ахир тақрибан расонаӣ нашудааст. Ҳарчанд хабарҳое ҳам аз фиреб додани маъюбон бо баҳонаи кумак ба онҳо садо медиҳанд.
Аслиддин бо ҳамсараш дар аробае селофан гирифта, ҳамарӯза ба бозори "Корвон" мебаранд. Нобиноӣ садди роҳашон намешавад, чун бояд илоҷе карда, чархаи рӯзгорро бо ин ароба чархонанд. Умедворанд, достони фирефтани онҳо, барои дигарон дарс мешавад ва нобиноёне мисли ӯ аз дасти беинсофе эмин мемонанд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2023 дар кишвар 4241 дуздӣ ва 107 ғоратгарӣ сабт шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дуздӣ назар ба соли 2022 камтар, аммо ғоратгарӣ зиёд шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ба Аслиддини нобино "некӣ" карду пулашро "рӯфта бурд"