Дар шаҳри Душанбе бо вуҷуди ҳавои боронӣ соати 3:30-и субҳи барвақт таҷлил аз ҷашни Наврӯз оғоз шуд.
Нуҷумшиносон дақиқ кардаанд, ки соли нави хуршедӣ бомдоди 21-уми март ба вақти Тоҷикистон фаро расидааст.
Даҳҳо нафар дар оғози таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ғалаба” иштирок доштанд.