Онҳо мегӯянд, дар марзи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бе ризоияти аҳолӣ ба як соҳибкори маҳаллӣ иҷозаи сохтмон дода шудааст.
Раҷаббой Раҷабов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, агар дар ин макон бинои нав созанд, зиндагӣ барои онҳо мушкил мешавад. “Инҷо агар 16-ошёна шавад, тамоман мошинҳо гузашта наметавонанд. Худо нигаҳ дораду агар сӯхтор шавад, чӣ хел даромада, мебароянд? Якто ояд, дуюмаш куҷо ҷо мешавад? Агар 16-ум ошёна оташ гирад, чӣ хел хомӯш мекунанд? Масъалаи роҳ, таваққуфгоҳ, майдончаи кӯдакон нест. Бачаҳои мо куҷо бозӣ мекунад? Ман тамоман зид ҳастам,”—гуфт Раҷаббой Раҷабов.
Равшан Абдураҳимов, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, агар ин бино сохта шавад, боғи назди хонааш забт мешавад ва тирезаи хонаашро девори ин бино маҳкам хоҳад кард, ки дигар берунро дида наметавонад.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинон мегӯянд, сохтмони бинои бисёрқабата аз чанд ҷиҳат барои зист хавфнок мешавад ва ҳам шароити расондани обу барқ ё кори корез мушкил мегардад. Бархе аз бошандагон бар онанд, ки агар мақомот барои сохтмони иншоот ин мавзеъро ба нақша гирифта бошад, бояд бинои хурд бунёд кунанд.
Абдуҳалим Дадобоев, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ҷонибдори ободӣ ҳастанд, вале бояд тавре ҷоеро обод кард, ки ба дигарон зиён нарасад.
Бинокор ё соҳибмулк ҳарчанд дар рӯзи наворгирӣ дар ҷои ҳодиса буд, нахост дар ин бора видеоӣ гап занад. Дар суҳбати бидуни сабт гуфт, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро дорад ва сохтмонаш қонунӣ хоҳад буд. Дар ҳолати кунунӣ иддаои аҳолӣ он аст, ки мақомот ва соҳибкор бо сохтмони ин бинои истиқоматӣ қонунро нақз кардаанд.
Абдусалом Умаров, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, қарори сохтмонро раиси собиқ пеш аз мансаб барканор шуданаш имзо кардааст. “Қарорро раис шояд саросемавор, масъаларо чуқур наомӯхта, имзо кардааст. Чунки ба меъёрҳои сохтмонӣ мувофиқат намекунад, зеро аз инҷо роҳ ба кӯчаи Муллобоеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегузарад ва соҳибмулке, ки заминро гирифтааст, дар онҷо мехоҳад бисёрошёна созад. Масофаи байни бисёрошёнаи нав ва бинои мо бояд на кам аз 20 метр бошад. Аммо дар асл ҳамагӣ чоруним метр аст,”—гуфт ӯ.
Кормандони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҳозир нашуданд ин масъаларо дар суҳбати видеоӣ шарҳ диҳанд, вале гуфтанд, ки пас аз шикояти пайвастаи сокинон масъала бозомӯзӣ мешавад ва натиҷаи онро дастрас хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол сокинон чашмбароҳи ҷавоби мақомот, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент ҳастанд.
Масъалаи сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон торафт бештар мешавад ва як сабаби асосии норизогии аҳолӣ он аст, ки чунин сохтмонҳоро мақомот дар байни маҳаллаҳои тангу мушкилгузар иҷозат медиҳанд. Зеро дар онҷо насби обу барқу қубурҳои ташноб осон аст ва харидори бештар дорад. Мақомот пайваста мегӯянд, ки ин қарорҳо дар асоси нақшаи умумӣ гирифта мешаванд.