"Падарам Деҳқонбоев Бердимурод Охунович аст. Бемор ҳастам ва пизишкон гуфтанд, аз умрат чанд моҳи дигар монда. Аз ин рӯ, мехоҳам, ӯро пайдо кунам," – нақл кард ӯ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.
Ҷавон сабаби беморияшро низ гуфт, аммо феълан нашр намешавад.
Орзуи пайдо кардани падар ва дидани ӯ бо Ҷамшед Деҳқонбоев якҷоя бузург мешаванд. Мегӯяд, падараш вайро дар тифлӣ гузошту рафт ва модараш низ ҳангоми наврасии ӯ аз беморӣ даргузашт.
Як муддат дар тарбияи бобо монд ва пас аз марги ӯ дар ятимхона бузург шуд. Ҳоло мехоҳад, ки чанд суоли беҷавобро аз падараш бипурсад: "Мехоҳам, як дафъа бинам ва пурсам, ки чаро аз ман мегурезад? Мехоҳам, як бор ӯро ба оғӯш гирам. Ба мисли дигарон дар наздаш шинам, суҳбат кунам. Азобҳои дидаамро дар зиндагӣ барояш қисса кунам."
Ҷамшед Деҳқонбоев нақл кард, ки борҳо таънаи ятим буданро шунидааст ва мехоҳад бо ёфтани падар ин “доғ”-ро низ бишӯяд.
“Солҳо азоби бекасӣ дидам. Ҳатто хешовандон дар рӯзҳои сахт дастамро нагирифтанд. Хонаву дар надоштам. Як ё ду бор ба хешовандон гуфтам, ба ман ҳам ёрӣ кунед, то хонаву дар кунам. Гуфтанд, рав падаратро ёб, ҳар кас зиндагии худашро созад.”
Ба нақли ҷавон, пас аз издивоҷ ва интихоби ҳамсар низ, бахт ба рӯяш нахандид. Аз ду ҳамсар ҳам ҷудо шуд ва фарзанд надорад. Мегӯяд, бемор аст ва барои ёфтану дидани падараш фурсати андак дорад.
Нақли ҷавонро дар навор бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад