Камола Ҳаррис, муовини президенти Амрико, дар як паёми видеоӣ фаро расидани Наврӯз ё соли нави хуршедиро дар давраи, ба гуфтааш, "душвор" табрик кард.
Ӯ барои онҳое, ки Наврӯзро дар Амрико ва саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷашн мегиранд, "шодӣ, саломатӣ ва сулҳ" хост.
Хонум Ҳаррис дар аввал ва поёни навор ҷашни Наврӯзро ба забони форсӣ муборакбод мегӯяд.
Дар ҳамин рӯз теъдоди дигаре аз мансабдорони Амрико низ фаро расидани Наврӯзро табрик гуфтанд.
Наврӯз соати ҳашти субҳи 20-уми март дар Тоҷикистон фаро расид.