Путин эълони пирӯзӣ кард. ИМА ва Украина: Интихобот озод ва қонунӣ набуд

Владимир Путин

Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ, Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия зиёда аз 87 дарсади раъйро ба даст овардааст. Шӯрои амнияти Амрико гуфт, интихобот дар Русия озод набуд. Президенти Украина хост, ки Путинро дар Додгоҳи Гаага муҳокима кунанд.

Кумисюни марказии интихоботии Русия хабар дод, ки Николай Харитонов аз Ҳизби коммунист – 3,86%; Владислав Даванков аз ҳизби "Халқи нав" – 3,76% ва Леонид Слутский аз Ҳизби либерал-демократ 2,97%-и овозҳоро соҳиб шуданд.

Интихобот рӯзҳои 15, 16 ва 17-уми март идома кард. Раъйдиҳии пеш аз муҳлат 25-уми феврали имсол оғоз шуда буд. Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи ин кишвар низ 295 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла, 6 ҳавзаи интихоботӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ба ин тартиб, Путини 71-сола, ки муддати 25 соли охир дар қудрат буд, боз ба ҳукуматдории худ идома медиҳад.

Маркази пажӯҳиши афкори умумии Русия мизони иштироки мардумро дар интихобот ҳудуди 75 дарсад гузориш додааст. Дар интихоботи қаблӣ ин рақам 67,5 дарсад буд.

Хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки ҳеч ниҳоди назарсанҷии мустақил дар ин интихобот ҳузур надошт, то маълум шавад, ки аз 114 миллион нафари дорои ҳаққи раъй чӣ қадари онҳо ба овоздиҳӣ рафтанд.

Путин ҳангоми суханронӣ барои тарафдоронаш дар Маскав гуфт, ӯ ба ҳаллу фасли ончи "амалиёти низомии вижа дар Украина" мехонад, авлавият хоҳад дод ва артиши Русияро тақвият мекунад.

"Мо вазифаи зиёд дорем, ки ба анҷом бирасонем. Вақте муттаҳид бошем, дигар муҳим нест, ки чӣ касе бихоҳад моро битарсонад ё саркӯб кунад. Ҳеч кас дар таърих ба чунин кор муваффақ нашудааст. Онҳо то ҳоло комёб нашудаанд ва ҳаргиз дар оянда низ муваффақ нахоҳанд шуд".

Интихоботи президентии Русия бо саркӯби шадиди мухолифон ва бе ҳузури мухолифони воқеӣ баргузор шуд. Тибқи як ниҳоде, ки саркӯби мухолифонро дар Русия пайгирӣ мекунад, рӯзи якшанбе ба камияш 74 эътирозгар дар Русия боздошт шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март Владимир Путинро ба пирӯзияш табрик кард ва ғолибияти ӯро дар ин маъракаи сиёсӣ "ғолибияти баҳснопазир" номид.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи якшанбе эълон кард, ки интихоботи Русия озод ва одилона набуд ва Путин мухолифонро ҳабс карда, аз ҳузури мухолифон барои рақобатҳои интихоботӣ пешгирӣ кард.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, Путин мехоҳад барои ҳамеша дар қудрат бимонад. "Тақлиди интихобот машрӯияте надорад. Путин бояд дар Додгоҳи Гаага муҳокима шавад," – афзуд ӯ.