Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гуфтанд, соли гузашта барои воридоти маҳсулоти пастсифат беш аз 100 соҳибкор муҷозот шудааст. Баъзе коршиносон бар инанд, ки вуруди маҳсулоти пастсифат танҳо бо айби соҳибкор сурат намегирад, балки дар гузаргоҳҳо омилҳои фасод ё чашмпушии масъулон низ вуҷуд дорад.
Сокиноне, ки дар дӯкону бозорҳои кишвар маҳсулоти пастсифатро мушоҳида ё харидорӣ намудаанд, мехоҳанд, ҳам тоҷирон ва ҳам идораҳои назратӣ дар ин росто, масъулият эҳсос кунанд.
Кибриё Нуриддинова, сокини Душанбе, аз зумраи онҳоест, ки дар харидани хӯрокворӣ сахт эҳтиёткор шудааст. Зеро ӯ чанд дафъа мушоҳида кардааст, ки дар бозору мағозаҳо маҳсулоти куҳнашударо низ мефурӯшанд. Вай рӯзи 12-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бештар аз он нигарон аст, ки истеъмоли чунин маҳсулот ба саломатии кӯдакон зарар дорад.
“Мо бисёртар маҳсулоти шириро дидаем, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аммо дар фурӯш гузошта шудааст. Вай кӯдакону калонсолонро, заҳролуд мекунад, ба саломатӣ зарар мерасонад”-афзуд, ӯ.
Бештари маҳсулоти ниёзи аввалия дар Тоҷикистон воридотӣ аст. Ба иттилои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ миёни кишварҳои воридкунанда, соли гузашта аз ҳама бештар аз Русия маҳсулоти пастсифат ворид шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи озуқаворӣ моҳи январ дар як нишасти хабарӣ, дар Душанбе дар бораи ошкору нобудсозии даҳҳо тонна маҳсулоти воридотӣ суҳбат кард.
“Аз бозорҳои истеъмолӣ маҳсулоте, ки ворид мешаванд ба Тоҷикистон 52,3 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 10 тонна маҳсулоти ширӣ, 2,1 тонна равғани растанӣ, 31 ҳазор дона тухми парранда, 829 килограм моҳӣ, 528 килограм асал, 6590 кило меваи хӯшк, 163 ҳазору 201 кило меваву сабзавот, 15,3 тонна полезиҳо ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда шуда, аз фурӯш боздошта ва нобуд карда шуд”-гуфт, Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки пурсиданд, бештар аз кадом кишвар маҳсулоти пастсифат ворид шудааст, номояндагони ин ниҳод гуфтанд, аз Русия.
Ба қавли онҳо, соли гузашта дар марзи Тоҷикистон наздики 40 тонна панир ва 60 тонна картошкаи бесифат, ки аз Русия ва 21 тонна мандарин аз Эрон ворид мешуд, ошкор ва пас гардонида шуд. Дар ин муддат барои ворид кардани маҳсулоти пастсифат 128 соҳибкор ҷарима ва зидди чанд нафари дигар тафтиши ҷиноӣ шурӯъ шуда будааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро маводи ғизоиро аз бозорҳои Тоҷикистон гирифта, нобуд мекунанд?ВИДЕОТоҷироне, ки дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯши маҳсулот машғуланд, мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз фурӯши маҳсулоти бесифат кормандонашон ҳамарӯза муҳлати истифода ва сифати маҳсулотро аз назар мегузаронанд.
Аҳлиддин Аминҷонов, тоҷир дар мағозаи “Баракат”- и Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, “маҳсулоти ширӣ ва ҳамаи дигар маҳсулотро вақте ки меоранд, аввал муҳлати истифодаашро мебинем, муҳлат дур бошад, нав бошад, қабул мекунем, мисол як ё ду рӯз монда бошад, қабул намекунем”.
Як сабаби роҳ ёфтани маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ба кишварро коршиносон ба фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ бастагӣ медиҳанд. Аммо сабабҳои дигарро низ пеш меоранд:
Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев, рӯзи 13-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ гоҳе боиси таъхир дар воридоти маҳсулот мешавад.
“Барои он ки баъзан ҳолатҳое мешавад, ки мақомоти гумрукии мисол Ӯзбекистон, ё аз Тоҷикистон, ё аз Қирғизистон ё аз ягон давлати дигар барои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои соҳибкор ҳар гуна монеа эҷод мекунанд. Ин гуна ҳолатҳо низ мешавад. ”-афзуд, Фатҳуллоев.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Тоҷикстандарт” номи соҳибони молу маҳсулоти бесифатро пинҳон мекунад. ВИДЕОТабибон борҳо аз пайомадҳои ногуворӣ истеъмоли маҳсулоти пастсифат ҳушдор додаанд ва аз сокинон хостаанд, ки ҳангоми харид эҳтиёткор бошанд.
Бо вуҷуди фаъолияти ниҳодҳое ба мисли Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва “Тоҷикстандарт”, ки ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсулоти пастсифат кор мебаранд, танқидҳо аз вуҷуди маҳсулоти ғайристандартӣ ва зараровар дар бозорҳои кишвар пайваста садо медиҳанд.