Пайкари Сафияхонро дар Хуҷанд дафн карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъд аз 34 рӯз пайкари Сафияхон Раҳматоваи 9-соларо аз ҳудуди Узбекистон ёфтанд ва 13-уми март дар яке аз қабристонҳои Хуҷанд дафн карданд. Хонаводааш бар асоси як навори дурбини назоратӣ бовар доштанд, ки ӯ дар дарёи Сир ғарқ шуда буд ва ҷустуҷӯяш беш аз як моҳ идома дошт.