Таҳқиқ: Филме дар ситоиши Назарбоев чанд миллион харҷ дошт?

Нурсултон Назарбоев

Бунёди Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон, барои таҳияи филми мустанади ситоишӣ дар бораи худаш 5 миллион доллар додааст.

Филми "Қазоқ. Достони одами тилоӣ" соли 2021 бо ҳадафи боло бурдани обрӯи пешвои худкома аз сӯйи коргардони ҷонибдори Кремл, Игор Лопатенок ва филмсози маъруфу баҳсбарангези амрикоӣ Оливер Стоун таҳия шудааст.

"Мо Шуморо пайдо мекунем"

Бино ба гузориши нави Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) ва сомонаи “Власт”, филм ба Назарбоев писанд омада, созандагони он ба ҳокимони дигари худкома пешниҳоди таҳияи чунин филми тавсифиро кардаанд.

Нурсултон Назарбоев, ки 30 сол дар Қазоқистон зимоми қудратро ба даст дошт, дар филми мустанад аз даврони кӯдакӣ, фаъолияти сиёсӣ, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли Қазоқистон суҳбат кардааст. Аксар таҳлилгарони синамо филмро танқид карда, онро ситоишӣ ё як навъ идомаи кеши шахсиятпарастӣ хонданд.

Филми мустанад аз ҳашт қисм исборат аст ва соли 2021 омодаву пахш шуд. Сабти он ҳанӯз аз охири соли 2019, баъд аз истеъфои президенти пешин, Нурсултон Назарбоев оғоз гардид. Вай он замон тарки курсии раёсати ҷумҳурӣ карда, аммо ҳамоно аз нуфузи зиёд дар Қазоқистон баҳравар буд.

Пажӯҳиши нави Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) ва сомонаи қазоқистонии “Власт” бо номи “Аз Назарбоев то Лукашенко. Ҳоливвуд дар хидмати диктаторҳо” рӯзи 5-уми март нашр шуд ва дар он гуфта шудааст, ки дар таҳияву танзими филми мустанад дар бораи Назарбоев худи ӯ ҳам ширкат кардааст.

Як узви гурӯҳи филмсозон ба рӯзноманигорони OCCRP гуфтааст, “Назарбоев пайваста филмро таҳрир ва кӯшиш мекард, ки симои худро беҳтар тасвир намуда, обрӯяшро боло барад.”

Оливер Стоун

Бино ба ин таҳқиқот, шакли ниҳоии филм ба Нурсултон Назарбоев писанд омад ва бунёди хайриявии ӯ, ки замони ҳукмронии Назарбоев дар соли 2010 таъсис ёфта, духтараш Дариға Назарбоева онро раҳбарӣ мекард, ба коргардонҳо Лопатонок ва Стоун дастикам 5 миллион доллар додаанд.

Стоун ва коргардони филм Игор Лопатенок пештар гуфта буданд, ки ҳукумати Қазоқистон ба таҳияи филм ҳеч рабт надорад ва онро сармоягузорӣ накардааст. Назарбоев ва духтараш дар ин бора ба муҳаққиқон шарҳе надоданд.

Моҳе пеш вақте рӯзноманигорони таҳқиқотгари OCCRP ва сомонаи “Власт” дар суҳбати видеоӣ аз Игор Лопатенок, когардони филми Назарбоев дар бораи сармоягузорӣ ба мустанад пурсиданд, вай ба хашм омад ва гуфт: “Мо Шуморо пайдо мекунем. Мо Шуморо мешиносем. Мо сарчашмаҳои Шуморо меёбем.” Вай ҳамчунин муҳаққиқонро таҳдид кардааст, ки “Мо Шумо ва нуфузатонро аз байн мебарем”.

Лопатенок дар соли 2021 ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи пули филми Назарбоев посух надод ва дар шарҳи сабабаш гуфт, “ин расонаи хориҷӣ аст”.

Қолаб ё “шаблон”-и қазоқӣ

Филми мустанад дар бораи президенти пешини Қазоқистон Назарбоевро танҳо як бор, соли 2021, дар телевизиони давлатии ин кишвар намоиш доданд. Пас аз як моҳи он дар Қазоқистон тазоҳуроти оммавӣ сар шуд, ки баъдан ба нооромӣ ва хушунат печид. Ҳазорон нафар дар саросари кишвар бо нишони эътироз аз нобаробарии иҷтимоӣ, ришваситонӣ ва шахсиятпарастӣ ба хиёбонҳо баромада, бо нидои "Пирмард, бирав!" пурра аз қудрат канор рафтани Назарбоевро талаб намуданд.

Мақомот гуфтанд, дар ин нооромиҳо на камтар аз 238 нафар кушта шуданд. Аксари эътирозгарон бо дасти маъмурони Хадамоти амнияти ин кишвар ба қатл расиданд. Норозигӣ аз вазъи иқтисодӣ сабаби сар задани тазоҳурот шуд, ки аввал бо гирдиҳамоии осоишта ва шикоят аз болоравии нархи сӯзишворӣ оғоз шуд.

Аммо бисёриҳо дар Қазоқистон бар ин боваранд, ки сабаби аслӣ, ин мубориза барои қудрат байни ҳукумат ва доираҳои наздик ба Назарбоеву одамони раисҷумҳури феълӣ, Қосимҷомарт Тоқаев буд. Ба назари онҳо, дар авҷ гирифтани хушунату занозанӣ ҳам нақши ин ду гурӯҳ зиёд аст.

Дар пайи эътирозҳои хунин, Тоқаев Назарбоевро бо аҳли оила ва дӯстонаш аз сари қудрат ва сиёсати тиҷорат ронд. Ҳоло чанде аз наздикони президенти пешин дар зиндон қарор доранд.

Таҳқиқоти охир маълум кардааст, ки баъд аз филм дар бораи Нарзарбоев, коргардон Игор Лопатенок бо гурӯҳаш ба раҳбарони дигари худкома, аз ҷумла ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва раҳбари Беларус Александр Лукашенко ҳам пешниҳоди таҳияи чунин филми ситоиширо кардааст.

Ҳамкорӣ бо диктаторҳо?

“Филми қазоқӣ эҳтимол ба Лопатенок роҳи ҳамкориро бо диктаторҳо ёд дод. Онҳо ё наздиконашон пул медиҳанд ва ӯ (коргардон) филмҳои баландсифати тавсифӣ сабт мекунад. Барои пурбинанда шудани филм онҳо ситора ё афроди машҳурро (Стоун) ҷалб мекунанд,” – навиштаанд хабарнигорони таҳқиқотгар.

Ба навиштаи пажӯҳишгарон, Лопатенок нақшаи филмро дар бораи “муваффақиятҳои”-и Озарбойҷон дар “замони ҳукмронӣ”-и хонаводаи Алиевҳо таҳия карда, ба Оливер Стоун пешниҳоди мусоҳиба ва ширкат дар онро намудааст. Созмонҳои ҷаҳонӣ, Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷонро, ки соли 2003 ҳукуматро аз падараш ба мерос гирифт, барои саркӯби озодиҳои шаҳрвандон, ришваситонӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои фаровон ба наздикони худ танқид мекунанд. Ҳамсари вай муовини президент аст.

Коргардон Лопатенок дар як муроҷиат ба Алиев навиштааст, филме, ки ӯ ба нақша гирифтааст, “ба нуфузу шӯҳрати ӯ (президент) ва Озарбойҷон таъсири бесобиқа хоҳад дошт”. Вай илова кардааст, ки харҷи таҳияи филм дар бораи Алиев 15 миллион долларро ташкил медиҳад. Посухи Алиев ба ин пешниҳод маълум нест.

Аммо сабти филми мустанади Лопатенок дар бораи Лукашенко дар саросари Беларус, аз ҷумла дар зодгоҳи президент сар шуд. Қарор буд, суҳбати худи Лукашенко дар маконҳои гуногун сабт шавад, аммо бо оғози ҷанги Русия дар Украина ин нақша қатъ шуд. Муаллифони пажӯҳиш лоиҳаеро дастрас кардаанд, ки дар он дар бораи идеяи филми Лукашенко навишта шудааст. Дар муқоваи он акси Лукашенко ва Стоун тасвир шудааст.

Игор Лопатеноки 56-сола дар шарқи Украина таваллуд шуда, соли 2008 ба Амрико ҳиҷрат кард. Ӯ як ширкати ҳолливудии начандон маъруфе бо номи Grading Dimension Picture-ро таъсис дод. Аз замони ба даст овардани шаҳрвандии Амрико, Лопатенок борҳо ба ҷонибдории Кремл ибрози назар кардааст.

Дар бораи оғози шиносии Лопатенок бо Стоун маълумоте нест, аммо онҳо дар таҳияи ду филм – “Украина зери оташ” (2016) ва “Ошкорсозии Украина” (2019) – якҷо кор кардаанд. Дар ин филмҳои мустанад, дар бораи инқилоби соли 2014 дар Украина, ки бо барканории раисҷумҳури тарафдори Русия Виктор Янукович анҷом ёфт, аз мавқеи Маскав пуштибонӣ шудааст.

Оливер Стоун ҳангоми суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин. Маскав, моҳи июли 2019

Муаллифони пажӯҳиш дар бораи таҳияи филм дар бораи диктаторҳо мегӯянд, мавқеи шахсияти Оливер Стоун, филмсоз, сенариянавис ва коргардони амрикоӣ ҳам, ки чаҳор бор ҷоизаи маъруфи "Оскар"-ро ба даст овардааст, норӯшан аст. Ба гуфтаи онҳо, Стоун соли 2017 филми чаҳорсериягии “Мусоҳиба бо Путин”-ро нашр кард, ки нашрияи амрикоии The New York Times онро “тамаллуқорона” номида, гуфта буд, ки ӯ Путинро “саховатманд” тасвир кардааст.

Дӯстии наздик ва пуштибонии Стоун аз раҳбари ҷанҷоли Венесуэла, Чавес низ мавриди интиқод қарор гирифта буд.