Агар Хрушев мехост, Ғафуровро ба мисли роҳбарони узбек Ёдгор Насриддинова ва Нуриддин Муҳиддинов дар мақоми баландтар дар Маскав мегузошт.
Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор
БАХШИ ДУВУМ
Дар мавриди барканории Бобоҷон Ғафуров чанд фарзия ҳаст:
- Никита Хрушёв роҳбари Тоҷикистонро кадри Сталин медонист. Қабл аз барканор кардани Бобоҷон Ғафуров ба ӯ ду вазифа пешниҳод кардаанд: сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҳиндустон ё мудири Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ дар Маскав. Ғафуров Пажӯҳишгоҳи шарқшиносиро интихоб кардааст;
- Муовини Ғафуров дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ В.М. Солнтсев навиштааст, Хрушев роҳбари Тоҷикистонро барои он аз вазифа ронд, ки ӯро дӯст намедошт. Гуё сабаби асосӣ, ба бовари ӯ, мухолифати Ғафуров дар Пленуми Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1953 будааст. Дар ин Пленум Хрушёв супориш дод, ки дар саросари Шӯравии собиқ ҷуворимакка парвариш карда шавад, аммо Ғафуров мухолифи татбиқи ин барнома дар Тоҷикистон баромадааст;
- Олим Ғафуров, бародари Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, ки қабл аз баргузории Пленуми КМ ҲКИШ дар моҳи январи соли 1955 Никита Хрушёв ба Бобоҷон Ғафуров супориш додааст, ки ба зидди Раиси Шӯрои вазирон Г. Маленков сухан гӯяд, аммо ӯ розӣ нашудааст;
- Рӯзноманигор Шариф Ҳамдампур, ки солҳои зиёд ҳаёту кори Ғафуровро омӯхтааст, бо такя ба маводи бойгонӣ зикр мекунад, ки ӯ ҳанӯз соли 1953 ариза навишта, изҳор доштааст, ки бо хоҳиши худ аз ин вазифа канор рафтан мехоҳад.
ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ ХРУШЕВ
Бояд ин нуктаро ҳам гӯем, ки Никита Хрушев дар 11 соли роҳбарии худ қариб дар тамоми ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ роҳбарони радаи аввалро аз мансаб барканор кард. Кор то ҷое расид, ки дар баъзе аз ҷумҳуриҳо дар давоми як муддати кӯтоҳ чанд роҳбари баландпояро паси ҳам иваз намуд.
Барои мисол дар Узбекистон Ниёз Аминов (солҳои 1950-1955), Нуриддин Муҳиддинов (солҳои 1955-1957), Собир Камолов (солҳои 1957-1959) ва Шароф Рашидов (солҳои 1959-1983) фаъолият доштанд.
Дар Қирғизистон Исҳоқ Раззоқовро, ки аз соли 1950 роҳбари ҷумҳурии мазкур буд, барои “хатоҳои калон ва ҷой доштани камбудиҳо” аз вазифа ронда, ба ҷояш Усубалиевро таъин кард. Дар Туркманистон се роҳбар иваз шуд. Охири моҳи декабри соли 1958 Сухан Бобоев, ки аз соли 1951 зимоми роҳбарии ин ҷумҳуриро дар даст дошт, барканор гардида, ба ҷояш Ҷумъадурдӣ Қараев омад. Дар соли 1960 ӯро ҳам барканор карданд. Балиш Овезов то соли 1969 роҳбари Туркманистон буд.
Аз ҳама бештар бахти роҳбарони Қазоқистон нахандид. Аз соли 1946 то 1962 дастикам шаш касро ба мақоми аввали ҷумҳурӣ таъину барканор карданд.
Баъд аз рафтани Бобоҷон Ғафуров, раиси Шӯрои вазирон Турсун Ӯлҷабоев роҳбари ҷумҳурӣ таъин шуд. Ӯ дар як муддати бисёр кӯтоҳ соҳиби обрӯи баланд шуд, зеро Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои пешқадам дар соҳаи пахтакорӣ ҳисоб меёфт. Бинобар ин, Хрушев ба Ӯлҷабоев таваҷҷӯҳи зиёд нишон дода, ӯро ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Амрико ҳамроҳ бурд.
Назаршо Додхудоев дар китоби хотираҳои худ навиштааст, дар яке аз зиёфатҳо дар бӯстонсарои Хрушев роҳбарони тамоми ҷумҳуриҳо ва нухбагони давлати Шӯравӣ даъват шуданд. Одатан дар чунин зиёфатҳо дар ибтидо сухан ба роҳбарони ҷумҳуриҳои калон, аз ҷумла Украина, Беларус, Қазоқистон ва ғ. дода мешуд. Аммо Ӯлҷабоев ба Хрушев изҳор медорад, ки ҷумҳуриҳои хурд бояд навбати худро дурудароз мунтазир шаванд, бинобар ин, ӯ мехоҳад ин тартибро вайрон карда, бидуни навбат суханронӣ кунад. Аз ин ташаббуси худсаронаи Ӯлҷабоев ҳама ҳайрон мешаванд, аз ҷумла худи Хрушев ҳам, аммо сарфи назар аз ин, ӯ иҷозат медиҳад, ки роҳбари Тоҷикистон суханронӣ кунад.
Ба қавли Назаршо Додхудоев, суханронии Ӯлҷабоев он қадар пурмуҳтаво, боэҳсос ва мубрам буд, ки ҳозирон гӯшу ҳӯш шуданд. Вақте ӯ суханронии худро ба анҷом расонд, хомӯшии мутлақ ҳукмфармо шуд. Нахуст Хрушёв гуфтааст, дар хориҷа аз ӯ зиёд мепурсанд, ки барои “ҷумҳуриҳои ақибмонда” аз куҷо роҳбар пайдо мекунад. Ӯ ба Ӯлҷабоев ва Н. Додхудоев нигоҳ карда, мегӯяд, чунин ходимони барҷаста дар худи он ҷойҳо таваллуд мешаванд, бинобар ин зарурат нест, ки ҷустуҷӯ шаванд (Китоби хотироти Н. Додхудоев “Власт времени”. Алмати, соли 2001. саҳ. 41.).
Обрӯи Ӯлҷабоев дар тайи панҷ соли роҳбарӣ дар Тоҷикистон он қадар баланд буд, ки нашрияҳои марказии Маскав, аз ҷумла рӯзномаи рақами яки Шӯравӣ – “Правда” – мақолаҳои ӯро нашр мекарданд. Ӯлҷабоев дар навбати худ аз ин имкони мусоид истифода бурда, Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ мекард. Албатта, дар зимн ӯ ҳатман тазаккур медод, ки тамоми дастовардҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи “сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти ҲКИШ” имконпазир гардидаанд.
ҶОНИБДОРИИ УСУЛИ КУҲНА
Ин андеша, ки Хрушёв ҷонибдори кишти пахта бо усули 45х45 см. аст, мисли як аксиома ба назар мерасид, аммо соли 1959 пас аз таъин шудани Шароф Рашидов ба вазифаи котиби якуми ҲК Узбекистон аксиомаи зерин зери суол рафт. Мо инро аз муколамаи Хрушев, Ӯлҷабоев ва Рашидов, ки дар Пленуми моҳи декабри соли 1959 сурат гирифт, мушоҳида карда метавонем.
Ӯлҷабоев зимни суханронии худ дар ин чорабинӣ изҳор медорад, ки соли 1960 Тоҷикистон пурра ба усули чоркунҷа коштани пахта ва аз қаду бар бо машина кор карда баромадани киштзор мегузарад ва аз истифодаи каланд дар пахтазор тамоман даст мекашад. Хрушев сухани ӯро бурида, бо истинод ба рафиқони узбек изҳор доштааст, ки нақшаи 60х60 сантиметр натиҷаи хуб бахшидааст, зеро онҳо дар чуқурча ду-се ниҳол мегузоранд.
Ӯлҷабоев дар посух гуфтааст, тоҷикон ҳам дар чуқурча ду-се ниҳол мемонанд, аммо аз рӯи схемаи 45х45 сантиметр пахта кошта, 20-25 ҳазор адад зиёд ниҳол мерӯёнанд, зеро ин усул ҳосилро 4-5 сентнер зиёд мекунад. Хрушёв боз пофишорӣ карда, мегӯяд, схемаи 60х60 см. барои аз қаду бар кор карда баромадани пахтазор имкониятҳои беҳтарин медиҳад. Сипас ӯ ба Рашидов муроҷиат карда мепурсад, ки дар схемаи 60х60 см. ҳосили баландтарини ба даст овардашуда чӣ қадар аст?
Рашидов дар посух гуфтааст, аз ҳар гектар 60-сентнерӣ ҳосил дар Мирзочӯл гирифтанд ва ин ҳосилро пахтакорони узбек асосан бо комбайнҳои пахтачинӣ ғундоштаанд. Никита Хрушев дар интиҳои муроҷиаташ ба Ӯлҷабоев мегӯяд: “Дар пахтакорӣ тоҷикон назар ба узбекҳо ҷои пешқадамтарро ишғол намудаанд ва ҳоло ҳам онҳо ин мавқеи пешқадамро аз даст намедиҳанд, вале бо вуҷуди ин бояд рафиқони тоҷик мағрур нашаванд, вагарна узбекҳо аз онҳо пеш мегузаранд.” (Правда, 24 декабри соли 1959)
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз Ғафуров то Раҳмон: Нигоҳе ба корномаи 5 раҳбари собиқи ТоҷикистонВоқеият ин аст, ки ҳосили 60 сентнерӣ аз як гектари пахта дурӯғи шохдор буд, аммо Хрушев ба ин гап бовар кард ва ё вонамуд кард, ки бовар кардааст. Ба ҳар сурат, ӯ дар машварати Маскав нишон дод, ки ба Шароф Рашидов эътимоди бештар дорад. Ҳамин тариқ, вақте ки Хрушев муборизаро ба муқобили изофанависӣ дар хоҷагии халқ сар кард, дар соҳаи пахтакорӣ Ӯлҷабоевро ҳадаф қарор дод, на Рашидовро.
Аз ин рӯ, рӯзҳои 11 ва 12 уми апрели соли 1961 дар Душанбе бо иштироки нафари дуюми давлати Шӯравӣ, ки вориси Хрушев дар курсии Котиби якуми КМ ҲКИШ ҳисоб мешуд, Фрол Романович Козлов пленум баргузор гардида, Турсун Ӯлҷабоев ва раиси Совети вазирон Назаршо Додхудоев аз вазифаҳояшон барканор гардиданд. Пленум ҳардуи онҳоро дар изофанависии фурӯши пахта ба давлат айбдор кард. Садҳо нафар барои изофанависӣ зиндонӣ шуданд.
Ӯлҷабоев ба вазифаи раиси хоҷагии ақибмондаи “Метин-туғай”-и ноҳияи Маскав ва Назаршо Додхудоев сардори ПМК дар шаҳри Регар таъйин шуданд.
Дар саркуб кардани раҳбарони Тоҷикистон нозири (инструктор) КМ ҲКИШ Иван Григориевич Ковал нақши муҳим бозид. Мо дар ин бора, дар мақолаи баъдӣ, ки ба фаъолияти Ковал дар Тоҷикистон дар солҳои 60-ум бахшида шудааст, сухан меронем. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Турсун Ӯлҷабоев баъди чанд сол бо сабаби мавҷуд набудани ҷиноят дар фаъолияташ замони роҳбарии Брежнев қатъ гардид. Аммо изофанависие, ки дар ин вақт дар Узбекистон авҷ мегирифт, умуман дар таърихи ҷаҳон бесобиқа буд.
Сарфи назар аз ин, Хрушев Рашидовро ба худ наздик карда, ӯро дар рӯзҳои бӯҳрони Кариб, ки қариб боис ба сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гардида буд, ба ҳайати расмии ИҶШС дохил карда, ба Куба фиристод. Рашидов ҳамчунин номзад ба аъзои Политбюро гардид. Дар тӯли беш аз 20 сол ин роҳбари Узбекистон ба Кремл ҳисобот медод, ки пахтакорони узбек ҳар сол ҳосили пахтаро зиёдтар мекунанд. Ибтидои солҳои 80-ум, тибқи омори расмӣ Узбекистон 6 миллион тонна пахта ба давлат месупорид. Аммо тафтише, ки баъди марги Брежнев бо супориши Ю.В. Андропов, роҳбари нави давлати шӯравӣ анҷом ёфт, нишон дод, ки Узбекистон ҳеҷ вақт аз 4 миллион тонна пахта зиёд насупоридааст.
СУИҚАСД БА ХРУШЕВ?
Сафари дуюми Хрушев ба Душанбе 1.10.1962 сурат гирифт. Азбаски Хрушев ба бемории шахспарастӣ гирифтор шуда буд, роҳбарияти ҷумҳурӣ инро ба хубӣ дарк карда, ӯро дар фурудгоҳ ботантана пешвоз гирифтанд. Дар ин маросим соҳибмансабони радаи аввали ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилоту идораҳои шаҳри Душанбе ширкат карданд. Аммо Хрушев баъди салом кардан бо котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш ба назди устодони пахтаи тоҷик - Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев, Карим Исмоилов, Абуғафур Самадов ва Аскаралӣ Мирзоев рафта, бо онҳо гарму ҷӯшон вохӯрӣ кард ва дасти ҳамаи онҳоро фишурд.
Ба кӯчаву хиёбонҳои пойтахт низ ҳазорон нафарро барои истиқболи Хрушев бароварда буданд. Ҳангоми сафар Хрушёв ба ҳар корхона ва ё хоҷагие, ки мерафт, ба мутахассисон маслињатҳо медод, дар ҳоле ки дар аксари соҳаҳо чизе намефаҳмид.
Ҳангоми сафари мазкур бо Хрушёв дар пойтахти тоҷикон воқеае рух дод, ки дар бораи он камтар навиштаанд, ҳарчанд овозаҳо дар ин бора солҳои 60-70-ум зиёд буданд. Мо суиқасдро ба ҷони Хрушев дар назар дорем. Дар баъзе аз манобеъ омадааст, суиқасд нақшаи як сокини шаҳри Свердловск (ҳоло Екатеринбург) буд ва ӯ ба мақсади террори Хрушев рухсатӣ гирифта, ба Душанбе омадааст.
Собиқ корманди КГБ Тоҷикистон Давалт Назиров дар ин иртибот зикр мекунад, ки ӯ Смирнов Олег Федорович (соли таваллудаш 1936 года, маълумоташ миёна) будааст. Ба қавли Назиров, нақшаи Смирновро агенти майор Кочелаев - як хонуми руси сокини пойтахт бо номи шартии “Светлана” ошкор мекунад. Ин агент дар назди даромадгоҳи Парки ба номи Ленин як ҷавони русеро, ки ҳудуди 25 ё 30 сол дошт, дидааст, ки дар даст гулдаста дошт ва безобита ба назар мерасид. Аз ин рӯ, “Светлана” ба кормандони милиса, ки барои таъмини амнияти роҳбари давлати шӯравӣ сафарбар гардида буданд, муроҷиат карда, шубҳаи худро дар мавриди Смирнов ба онҳо иброз доштааст.
Ним соат қабл аз омадани Хрушев 5 маъмури милиса ба назди ҷавони рус рафта, ӯро аз ду тараф иҳота мекунанд ва гулдастаро аз дасташ мегиранд. Ҳамин вақт аз даруни он санги калоне, ки 4-5 кило вазн дошт, афтодааст. Смирнов дар шуъбаи корҳои дохилӣ гуфтаастки аз шаҳри Свердловск ба Душанбе ба рухсатӣ омада, дар меҳмонхонаи “Вахш” зиндагӣ мекунад. Вақте дар бораи сафари Хрушев ба Душанбе хабар ёфт, мисли ҳама барои истиқболи ӯ ба майдони Ленин баромад.
Ба саволи он ки чаро ӯ дар даст санги калон дошт, ҷавоб мегӯяд, ки ӯ неврити асаби гӯш дорад, ҳангоми парвоз ба Душанбе дар ҳавопаймо бемории гўшаш авҷ гирифт, аз ин рӯ, бо ин санг гӯшҳояшро гарм мекунад. Аммо рӯзи дигар ин ҷавонро майор Кочелаев аз ихтиёри ВКД гирифт ва тафтишот дар амният идома ёфт. Дар онҷо Смирнов иқрор шудааст, ки ӯ нияти суиқасд ба Хрушевро дошт.
Д. Назиров менависад, Смирновро тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ ба 25 сол зиндон маҳкум карданд (Мақолаи “Терроризм в Таджикистане в период Советского Союза. Маҷаллаи “Тоҷикистон” №3, соли 2006). Аммо Владимир Козлов бо такя ба бойгонии Пажӯҳишгоҳи пешини марксизм–ленинизм ному насаби муттаҳамро Станислав Воробёв навиштааст. Ба қавли ӯ, Додгоҳ Воробёвро 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикон дар СССР. Аз замони Ленин то ГорбачёвПОЁН
Баъд аз барканор шудан аз вазифаи котиби якуми ҲК Тоҷикистон дар соли 1956 Бобоҷон Ғафуров дар вазифаи мудири Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ то дами марг дар тобистони соли 1977 кор кард. Ӯ пажӯҳишгоҳи мазкурро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард ва ҳамчунин китоби “Тоҷикон” ро панҷ сол қабл аз фавташ чоп кард.
Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯлҷабоев дар миёнаҳои солҳои 60-ум қатъ гардид ва ӯ баъд аз фаъолият дар совхози “Метин-туғай”-и ноҳияи Маскав дар Ғарму Куйбишев кори худро давом дод. Ҳамчунин узвияти Ӯлҷабоевро дар ҳизби коммунист барқарор карданд. Номи ин ду роҳбари ҶШС Тоҷикистон, ки Хрушёв онҳоро аз вазифа барканор карда буд, дар саҳифаҳои халқи тоҷик барои ҳамеша сабт шуданд. Ба Бобоҷон Ғафуров барои хидматҳояш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ба Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки дар натиҷаи кӯшишҳои Турсун Ӯлҷабоев лоиҳааш дар Маскав тасдиқ гардида буд, номи ӯ дода шуд.
Аммо Хрушёвро тирамоҳи соли 1964 дар натиҷаи як табаддулоти дарборӣ ҳамсафонаш барои барои шахсиятпарастӣ, волюнтаризм, ғасб карда гирифтани ду мансабҳои Котиби якуми КМ ҲКИШ ва Раиси Совети вазирон ва инчунин ба бӯҳрони иқтисодӣ гирифтор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ аз вазифа ронданд.
Никита Сергеевич Хрушеви бознишаста дар яке аз минтақаҳои наздики Маскав дар гумномӣ мезисту ба расонаҳо дастрасӣ надошт ва соли 1971 аз дунё гузашт. Танҳо рӯзномаи “Правда” дар иртибот ба марги ӯ як хабари кӯтоҳе нашр кард, аз ин рӯ, мардуми Шӯравӣ аз марги роҳбари собиқи худ ҳатто хабар наёфт.