Сафири Амрико дар Тоҷикистон яке аз ҳадафҳоро тавонманд сохтани занҳо номид. Мануэл Миккалер гуфт: "Ин ҳам барои Иёлоти Муттаҳида ва ҳам барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад. 50 дарсади нерӯи кории мо занон ҳастанд ва вақте ин корро анҷом медиҳем, яъне панҷоҳ дарсади нерӯи кориро тавонманд месозем."
Шуморе аз занон, ки дар ҳамкорӣ бо барномаҳои USAID тиҷорат ба роҳ монда, шуғл эҷод кардаанд, аз роҳҳои расидан ба комёбӣ суҳбат карданд. Дар ин тарҳҳо занон ба унвони қишре, ки бештар ба пуштибонӣ зарурат доранд, ҷалб карда мешаванд.
Умеда Пӯлодова, мудири ширкати барномасозии “IT Run” дар Хуҷанд, дар баробари занони тоҷик бонувони паноҳандаи Афғонистонро дар Тоҷикистон низ барои соҳиби кор шудан омода мекунад. “Дар ду моҳи аввал ба бонувони тоҷик ва муҳоҷирони афғон кор бо компютерро омӯзондем. Ҳоло сохтани сайтҳоро омӯхта истодаем,” – афзуд ӯ.
Бону Пӯлодова мегӯяд, кори фанновариҳои иттилотӣ (IT) аз ҳама беш барои занҳо мувофиқ аст, ки метавонад ҳам ба корҳои хонадорияш бирасад ва ҳам дар фурсатҳои мувофиқ кори фосилавӣ бикунад.
Баъзе аз занҳои соҳибкор тарҳҳоеро роҳандозӣ карданианд, ки кори занони деҳотро осону муассир мегардонад. Маҳинахон Сулаймонова, мудири созмони “Нексигол-мушовир” тарҳеро рӯйи даст дорад, ки бо фановариҳои нав занонро аз “таппак”-кунӣ халос мекунад.
“Занони мо вақти бисёри худро барои хушк кардани поруи чорво сарф мекунанд. Сипас таппакро барои гармӣ истифода мебаранд. Масалан, хӯрок мепазанд, хонаро гарм мекунанд. Ин кори осон нест. Таппак сӯхт, ба ҳамин тамом, аммо пору барои замин муҳим аст. Дар давоми сол технологияҳоро биёрем, ҳам биогаз истеҳсол мекунем, ҳам бозори Тоҷикистионро бо бионурӣ таъмин мекунем,” – шарҳ дод Сулаймонова.
Ҷавоҳир Акобирова, намояндаи Кумитаи занони Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш аз грантҳои миллионӣ суҳбат кард, ки ҳукумат барои рушди соҳибкории занон ҷудо кардааст. “Аз соли 2006 инҷониб грантҳои президенти Тоҷикистон барои занони соҳибкор ҷудо карда мешаванд. Аввал 150 ҳазор сомонӣ буд, имрӯз то 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шуда истодааст,” -- гуфт Акобирова.
Аммо баъзе аз занҳои соҳибкор мегӯянд, аз вуҷуди чунин грантҳо огаҳ нестанд. Умеда Абдуллоева, мудири корхонаи нассоҷии “Сафия”, ки дар коргоҳаш беш аз 100 зан кор мекунанд, гуфт, ба чунин имтиёзҳо дастрасӣ надоранд.
“Ин ҷо зикр шуд, ки барномаи грантҳои давлатӣ барои занон аст, вале ба шаҳри Турсунзода то мо намерасад, мо бе грантҳо кор карда истодаем. Вале ман талош мекунам, ки соли ҷорӣ ин грантҳо ба мо ҳам бирасанд,” – гуфт ӯ. Чунин умедворӣ дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ садо медиҳад.
Дар Тоҷикистон бо вуҷуди ихтисос додани саҳмияҳо барои ҳузури занон дар сиёсат, порлумон, ҳукумат ва ҳатто таҳсил, занон қишри осебпазир мемонад ва ҳузури камранге дар иқтисод, аз ҷумла тиҷорат доранд.
Ҳоло бонувон аз нисф зиёдтари аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва феълан наздик ба 80 ҳазор зан соҳибкор ҳастанд. Бар пояи оморҳои расмӣ, ҳоло 45 дарсади занон ба фаъолияти хусусӣ машғул буда, танҳо 11 дарсад дар ширкатҳои расмӣ роҳбарӣ мекунанд. Худи занони соҳибкор мегӯянд, тиҷорати бузург дар дасти мардон қарор дорад ва занон танҳо ба тиҷорати хурд машғул ҳастанд, ҳарчанд нақша ва орзуҳои бузургтаре доранд.