Амрико муҳлати визаи кориро барои қирғизистониҳо дароз кард

ИМА аз 4-уми март муҳлати раводид (виза)-и корӣ ва сайёҳиро барои шаҳрвандони Қирғизистон аз 5 то ба 10 сол дароз мекунад.

Дар сафорати Амрико дар шаҳри Бишкек гуфтанд, ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон аз пардохти 20 доллари амрикоӣ барои дарёфти раводидҳои "B1", "B2" ва "B1/B2" озод ҳастанд.

"Ин тағйирот комилан ба беҳбуди хидматрасонӣ барои шаҳрвандони Қирғизистон, содда кардани сафарҳо миёни ду кишвар ва таҳкими робитаҳо равона шудааст", -- изҳор доштааст Лесли Вигерӣ, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Қирғизистон.

Тағйирот танҳо ба раводидҳое дахл дорад, ки баъд аз 4-уми марти имсол дода мешаванд.

Расонаҳо қаблан хабар доданд, ки мақомоти Қирғизистон бо ҳамтоёни амрикоии худ дар бораи дароз кардани муҳлати раводидҳои корӣ ва сайёҳӣ гуфтугӯ доранд.