Як мард ҳамроҳи духтари 12-сола ва писари 11-солааш дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбекистон аз дуди ангишт ба ҳалокат расидааст.
Дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст, ки ин сокини 51-солаи Бешариқ дар хонааш аз бухорӣ (печка)-и худсохт истифода мекард.
Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, ҳодиса 1-уми март рух додааст.
Ташхиси тиббиву додгоҳӣ таъйин шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.