Навалнийро рӯзи 1-уми март дар шаҳри Маскав ба хок супурданд. Ӯ моҳи гузашта дар яке аз зиндонҳои дурдасти Русия ба таври шубҳабарангез фавтид.
Рӯзи хоксупории Алексей Навалний дар оромгоҳе дар наздикии зодгоҳаш дар Маскав ҳазорон нафар барои видоъ бо ӯ ҷамъ омаданд, агарчӣ маъмурони милиса намегузоштанд, мардум ба ин маҳал биёянд.
Дар рӯзи 1-уми март, маъмурони зиёди пулис дар саросари шаҳрҳои Русия сафарбар шуданд. Агарчӣ он рӯз бе ягон ҳодиса гузашт, вале бино ба гузоришҳо мақомоти интизомӣ 120 нафарро ҳангоми раҳпаймоӣ аз ҷумла дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург боздошт кардаанд.
Навалний, яке аз сиёсатмадорони шинохта ва мухолифи сарсахти раиси ҷумҳур Владимир Путин, аз муборизон ба зидди фасодкорӣ дар Русия 47-сола буд.