Ҳукм баъди 4 соли боздошт. Беҳрӯз дар Русия ба 12 сол зиндон маҳкум шуд

Артём Ватра, Гамид Датаев, Беҳруз Ғаниев. Акс аз сомонаи "Мемориал"

Додгоҳи шаҳри Екатеринбург Беҳрӯз Ғаниев як зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи терроризм, таҳияи маводи тарканда ва чанд иттиҳоми дигар ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Пайвандонаш рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа дар ҳамин рӯз сурат гирифт ва додгоҳ ҳамчунин амр додааст, ки Беҳрӯз 300 ҳазор рубли дигар ҷарима супорад.

Ду нафари дигар, ки ҳамроҳи Беҳруз дар курсии муттаҳамон менишастанд, ҷазоҳои сахттар гирифтаанд. Гамит Датаев ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст ва Артем Ватря бинобар беморӣ дар мурофиа ҳузур надоштааст ва ҳукмаш ба Радиои Озодӣ маълум нест.

Пайвандони Беҳрӯз мегӯянд, Беҳрӯз зимни сухани охирини худ дар мурофиа, худро бегуноҳ ва парвандаро беасос хондааст. Бинобар муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳ мондани ҳарсе нафар ва шубҳаи зиёд дар парванда, созмони ҳомии ҳуқуқи “Мемориал” ҳарсеро “маҳбуси сиёсӣ” номидааст.

“Мемориал” парвандаи ҷиноии Беҳрӯз Ғаниев, Артем Ватря ва Гамид Датаевро “сохта” номида, гуфтааст, “нерӯҳои амниятӣ аз фаъолоне, ки аз ҳаққи мусулмонони маҳаллӣ дифоъ мекарданд” интиқом мегиранд. Дар гузориши созмон аз моҳи декабри соли 2022 омадааст, Артем Ватря барои ҷалби таваҷҷуҳи расонаҳо ба нақзи густурдаи ҳуқуқи мусалмонон кор мекард.

“Мемориал” аз қавли боздоштшудаҳо навиштааст, маъмурони пулис онҳоро барои ба гардан гирифтани гуноҳ шиканҷа кардаанд. Ин созмон Ғаниев, Ватря ва Датаевро “маҳбуси сиёсӣ” ном бурда, навиштааст: “Ташхис нишон дод, ки дар силоҳу тирдонҳое, ки гуё ин се нафар пинҳон кардаанд, изи даст ё нишонаи дигаре ошкор карда нашуд. Навори мақомот нишон медиҳад, ки онҳоро маъмурони пулис дастгир накардаанд, балки дуздидаанд.”

Беҳрӯз Ғаниевро моҳи апрели соли 2020 ҳамроҳи Артем Ватря ва Гамид Датаев дастгир кардаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, аз хонаи онҳо силоҳ ёфтанд ва ҳарсе ба терроризму ҷиноятҳои дигар муттаҳаманд. Ба нақли пайвандон, Беҳрӯз Ғаниев ва ду ҳамроҳаш соли гузашта дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ карданд ва аз мақомот хостаанд, ки сохта будани иттиҳоми зидди онҳоро санҷанд.

Мақомоти Русия ба ин талаб вокуниш накардаанд, вале ба гуфтаи наздикон пас аз чанд рӯз Беҳрӯз ва ду ҳамроҳашро аз боздоштгоҳи Сургут ба Екатеринбург бурданд.

Беҳрӯз Ғаниев ҳамроҳи хонаводааш соли 1994 ба Русия кӯчида, шаҳрвандии он кишварро гирифтааст. Баъд аз соли 2013 хабарҳо дар бораи боздошти чанд зодаи Тоҷикистон ба иттиҳоми терроризму ифротгароӣ расонаӣ шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, бархеро ҳангоми амалиёт куштанд. Шубҳаҳо ба боздошту натиҷаи амалиёт кам нест.