Шикояти марди нобино: "Аз некӣ гуфт, аммо ғорат кард"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як марди нобино дар Душанбе шаш моҳ боз ҷавонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи некӣ ӯро ғорат кардааст. Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулро аз ҳисоби бонкиаш гирифт. Мақомоти интизомӣ ҳам зоҳиран парванда ва шикояти ин марди нобино ва муҳтоҷро фаромуш кардаанд.