Шоҳидони айнӣ ба хабаргузориҳои байналмилалӣ гуфтаанд, субҳи панҷшанбе оташ кушодани нерӯҳои исроилӣ ба мардуме, ки барои ба даст овардани ғизо ва дигар маводи мавриди ниёз ба тарафи мошинҳои ҳомили кӯмакҳо рафта буданд, талафоти зиёде бар ҷой гузоштааст.
Исроил мегӯяд, яке аз мошинҳои борбар беш аз ҳад ба тонкҳои исроилӣ наздик шуд ва тирандозии нерӯҳои ин кишвар, ки эҳсоси "таҳдид" карданд, боис шуд иддае бар асари издиҳом ва зери по мондан, осеб бубинанд.
Аммо CNN ва "Франс-пресс" ба нақл аз шоҳидони айнӣ навиштаанд, ки нерӯҳои исроилӣ ба тарафи мошинҳои боркаш тирандозӣ карданд ва сипас ҳаракати мошинҳо барои фирор аз ҳадаф қарор гирифтан боис шуд, афроди зиёдеро зер кунанд.
Яке аз шоҳидони айнӣ ба CNN гуфтааст, ки ҳудуди 20 фаластинӣ ба шакли мустақим бар асари тирандозии низомиёни исроилӣ кушта шуданд ва дигар маҷрӯҳон зери чархҳои мошинҳо ҷон доданд.
Як навории видеоии нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки хабаргузории "Рейтерз" ҷойи сабти онро таъйид кардааст, мошинҳои борбареро нишон медиҳад, ки пур аз ҷасадҳо ва захмиҳо ҳастанд.
Шӯрои амнияти миллии Амрико дар баёнияе ин ҳодисаро "ваҳшатнок" хондааст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳам гуфтааст, тирандозии маргбори нерӯҳои исроилӣ ба тарафи фаластиниҳои мунтазири кӯмакҳои башардӯстона дар Ғазза гуфтугӯҳо барои барқарории оташбас дар ҷангро "печидатар" мекунад.
Шӯрои амнияти СММ ҳам рӯзи панҷшанбе дар ин робита нишасти изтирорӣ баргузор кард. Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Алҷазоир баргузор шуд, намояндаи Фаластин дар СММ ба оташбаси фаврӣ дар Ғазза даъват кард.
Дар ҳамин ҳол вазорати тандурустӣ дар Ғазза эълон кард, ки аз оғози ҷанг дар моҳи октябр то кунун беш аз 30 ҳазор нафар фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Ҷанг дар Ғазза аз панҷ моҳ ба ин тараф идома дорад.
Дар ҳамлаи ногаҳонии "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 беш аз 1200 исроилӣ кушта ва 240 нафари дигар ба гарав гирифта шуданд.