"Лимит"-и нерӯи барқ ба шаҳри Душанбе "кӯчид"?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Навбатдори Идораи барқи Душанбе гуфт, дастур гирифтаанд, ки интиқоли нерӯи барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд. Сокинон мегӯянд, дар ҳавои хунук се рӯз боз соатҳо аз рӯшноиву гармӣ маҳрум ҳастанд. Ин ҳолат зиндагиро дар баландошёнаҳо мушкилтар кардааст.