Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Олег Баклов, ки 20-уми октябри соли 1994 дар дар шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол)-и Тоҷикистон таваллуд шуда, дар Русия ба воя расидааст, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Ҳамакнун ин дарвозабони 29-сола, ки қадаш 2 метру 1 сантиметр, вазнаш 92 килограмм мебошд, метавонад дар дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозӣ кунад.
Худи Баклов гуфтааст, ки омода аст пас аз анҷоми мавсими футбол дар лигаи дуюми Русия аз тобистони соли ҷорӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бипайвандад.
Олег Баклов дастпарвари футболи шаҳри Сизрани Русия мебошад. Вай дар бошгоҳҳои футболи Русия - "Сизран-2003", "Криля Советов", "Урал" ва "КамАЗ" - ҳунарнамоӣ кардааст. Баклов аз соли 2023 шарафи бошгоҳи “Уфа”-ро ҳимоя мекунад.
Зимнан, дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон се дарвозабон шомил буд: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе), Далерҷон Баротов ("Истаравшан"-и Истаравшан).
Аз байни онҳо танҳо Рустам Ятимов дар ҳамаи панҷ бозии мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар иштирок кард. Ин дарвозабони 25-сола дар муваффақияти мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Осиё-2023 ба чорякфинал баромад, саҳми бузург гузошт.
Интернет-портали Transfermarkt Рустам Ятимовро гаронбаҳотарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст, ки арзишаш баъди Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар 300 ҳазор евро боло рафт ва ба 1 миллиону 200 ҳазор евро расид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рустам Ятимов – дарвозабони гаронарзиштарин дар Осиёи МарказӣТими миллии Тоҷикистон аз Қатар ба ватан баргашт