Як ҳамсуҳбати мо, ки худро Шаҳноз ном бурд, дар пайи озору азияти шавҳараш зиёда аз даҳ рӯзро дар паноҳгоҳи муваққатии бонувон гузарондааст. Мегӯяд, ба онҷо бо маслиҳати яке аз дӯстон рафт.
Вай 32-сола аст. Нақл кард, ки даҳ сол пеш бо як хешованди дури падараш оила барпо кард ва аз ин издивоҷ се писар дорад. Баъд аз он ки шавҳараш ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир чаҳор сол дар зиндон нишаста, дубора ба назди хонавода баргашт, хушунат нисбат ба ӯ оғоз шуд.
“Дар ҷое кор намекард ва ҳамеша асабӣ буд. Ҳар вақт, бо ҳар баҳона, маро мезад. То ҳадде бераҳмона муносибат мекард, ки писари хурдиям баробари дидани ӯ баъзан пешобашро дошта наметавонист. Ҷое барои рафтан надоштам. Падарам солҳо пеш вафот карда, модари беморам дар хонаи бародарам зиндагӣ мекард,” - - идома дод ӯ.
Шаҳноз гуфт, рӯзе аз душвории зиндагӣ ба як хешованди модараш лаб кушод ва ӯ машварат додааст, ки аз бадрафтории шавҳараш расман шикоят кунад.
“Маъмурони милиса ба ман гуфтанд, ки бояд як муддат ба паноҳгоҳ равам. Дар онҷо равоншиносону ҳуқуқшиносон ёрӣ доданд. Аз онҷо баромада, аз шавҳарам талоқ гирифтам. Агар ба онҷо намерафтам, кӣ медонад ҳоло зинда будам ё не,” – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Мадина Низомова ҳуқуқдони созмони иҷтимоии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар аст. Дар онҷо як паноҳгоҳ кор мекунад. Ӯ рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, асосан ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагиро, ки ба кумаки равониву ҳуқуқӣ муҳтоҷ аст, қабул мекунанд.
“Мо наметавонем занони раҳошуда аз маҳбас ё нашъамандро дар паноҳгоҳ ҷой диҳем. Теъдоди онҳое, ки мехоҳанд дар паноҳгоҳ истанд, зиёданд, вале мо мехоҳем онҳо зиндагии маъмулиро сомон диҳанд. Аз тарафи дигар бо ёрии донорҳо кор мекунем ва имкон дорем, занони хушунатдидаро танҳо то 14 рӯз ҷой диҳем,” – шарҳ дод ӯ.
Масъулони Кумитаи занон гуфтанд, дар Тоҷикистон се "шелтер" ё паноҳгоҳ ҳаст ва занони хушунатдида то се моҳ метавонанд дар онҷо бимонанд. Мавзӯи кам будани паноҳгоҳҳо ва зарурати таъсиси бештари онҳо дар нишасти матбуотии раиси Кумита низ матраҳ шуд.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, нагуфт, ки барои бештар кардани паноҳгоҳҳо чӣ хоҳанд кард, аммо афзуд: “34 маркази ҳуқуқӣ дар назди Вазорати адлия аст. 14 маркази буҳронӣ аз ҷониби созмонҳои иҷтимоӣ кор мекунад. 22 ҳуҷра дар назди бемористонҳо ҳаст.”
Занони ҷабрдида мегӯянд, дар марказҳои тавонбахшӣ дар назди вазорату кумитаҳо танҳо як ҳафта ҳаққи табобатро дошта, дар ин муддат мақомот бо хонаводаи онҳо, аз ҷумла шавҳар ва хусуру хушдоман суҳбат мекунанд. Дар сурати ҳосил нашудани созиш миёни зану шавҳар, сипас муҳлати будубоши зан баррасӣ мешавад.
Бино ба гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон масъалаи доғ мемонад, чун ҳар рӯз дастикам ду шикоят дар ин бора мерасад. Аммо на ҳамеша заноне, ки мавриди хушунату бадрафторӣ қарор мегиранд, ба ниҳодҳои давлатӣ ва ё созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар маърузаи солонааш як сабабро чунин навиштааст: “Санҷиш нишон дод, ки дар байни нозирони минтақавӣ занон нестанд ва ин ҳолат метавонад барои муроҷиати ҷабрдидагони зӯроварӣ, махсусан зӯроварии шаҳвонӣ монеа эҷод кунад.”
Бо таваҷҷуҳ ба ин, Ваколатдор афзудани паноҳгоҳҳоро барои будубоши муваққатии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар хонавода муҳим донистааст.
Дар соли 2023 дар Тоҷикистон 198 зану духтар худкушӣ кардаанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод бино ба мушкили хонаводагӣ, бемории равонӣ ва вазъи бади иҷтимоӣ ба зиндагии худ хотима доданд.
“Зан, ҳангоме ки дар ҳолати сахти равонӣ қарор дорад ва барои он ки аз ин вазъ раҳо шаваду худкушӣ накунад, паноҳгоҳ макони зарурӣ аст,” – гуфт Мадина Низомова аз созмони иҷтимоии “Ғамхорӣ”.
Дар як соли гузашта ба марказҳои пешгирӣ аз зӯроварии хонаводагӣ се ҳазор зан муроҷиат кардаанд, ки ба ёрии равониву ҳуқуқӣ ниёз доштаанд.