Дар “Ҷоми рушд-2024” Беларус ғолиб, Тоҷикистон ҳафтум шуд

Футболбозони навраси тоҷик

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Беларус (U-17) дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024», ки 24-уми феврал дар Минск ба поён расид, пирӯз гардид.

«Ҷоми рушд-2024» дар толори футболи Минск бо иштироки ҳашт дастаи мунтахаби наврасон аз шаш кишвар - Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон – баргузор шуд.

Футболбозони навраси то 17-солаи Беларус дар бозии ниҳоӣ, ки 24-уми феврал дар толори футболи Минск сурат гирифт, ҳамсолонашон аз Русияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, барандаи “Ҷоми рушд” ва медалҳои тилло гардиданд. Ба дастаи Русия (U-17) медалҳои нуқра супурда шуд.

Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои мунтахаби Беларус (U-16) ва Узбекистон (U-17) талош варзиданд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Беларусиҳо дар задани силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуда, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо дастаҳои Русия (U-17), Беларус (U-16) ва Қазоқистон (U-16) ба гурӯҳи «В» шомил буд.

Футболбозони навраси то 16-солаи тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов аз тимҳои Беларус (U-16) бо ҳисоби 0:3, Русия (U-17) бо ҳисоби 1:6 ва Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, дар гурӯҳи “В” бидуни имтиёз дар ҷойи охирин – чаҳорум - қарор гирифтанд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи Русия (U-17), ки дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Беларус (U-16) бо 6 имтиёз ҷойи дуюм ва дастаи Қазоқистон (U-16) бо 3 имтиёз ҷои сеюмро азони худ карданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 24-уми феврал дар бозӣ барои ҷойи ҳафтум тими Озарбойҷонро (U-16) бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ба чаҳоргонаи «А» дастаҳои наврасони Беларус (U-17), Русия (U-16), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) дохил буданд.

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Беларус (U-17) бо 7 имтиёз ғолиб омад. Дастаи Узбекистон (U-17) бо 5 имтиёз дуюм шуд. Мунтахаби Русия (U-16) бо 4 имтиёз ҷойи сеюм ва дастаи Озарбойҷон (U-16) бидуни имтиёз ҷойи охиринро ишғол нумуданд.

Соли гузашта дастаи наврасони Русия, ки дар финал мунтахаби наврасони Қазоқистонро шикаст дода буд, бори шашум дар таърихи ин мусобиқа барандаи “Ҷоми рушд” гардид.

Футболбозони навраси тоҷик бошанд. порсол дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

Ба ғайр аз русиягиҳо дар ин мусобиқа, ки бори 20-ум сурат гирифт, футболбозони навраси Беларус панҷ бор, Украина чаҳор бор, Белгия ду бор, инчунин Сербия ва Черногория, Тоҷикистон, Исроил якборӣ ғолиб шудаанд.

Иштирок дар «Ҷоми рушд-2024» дар Минск барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) яке аз давраҳои омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 19-ум то 27-уми октябри имсол доир мегардад, маҳсуб мешавад.

Ҷоми рушд-2024

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

Озарбойҷон (U-16) — Тоҷикистон (U-16) — 1:3 (Гасанов, 32; Шоев, 23, аз пеналти, Давлатов, 54, Раҳимзода, 64).

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

Русия (U-16) — Қазоқистон (U-16) — 1:1 (4:5, силсилаи пеналти) (Ахметов, 80; Сатпаев, 14).

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Беларус (U-16) — Узбекистон (U-17) — 1:1 (5:3, силсилаи пеналти) (Сакута, 31; Тулаганов, 27).

Финал

Беларус (U-17) — Русия (U-17) — 2:1 (Губаревич, 16, Волский, 40; Тороп, 19).