"Мухолифони тоҷикро дар хориҷа таъқиб мекунанд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як созмони муътабар ҳукумати Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо танқид кардааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 22-юми феврал ба ин далел дар гузорише Тоҷикистонро дар канори Руанда, Камбоҷа, Арабистони Саудӣ, Чин ва Туркманистон ҷой дод.