Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, ки ду соли охир дар даста кор кардааст, бо тими миллии кишвар ҳамкориро идома медиҳад.
Ёвари Шекиладзе мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия хоҳад буд. Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонҳои тими миллии Тоҷикистон ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста мемонанд.
Гела Шекиладзе дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ кардааст. Вай дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.
Солҳои 2007-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намудааст.
Илова бар ин, Шекиладзе ёвари сармураббӣ Петар Шегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.
Гела Шекиладзе дорои парвона ё иҷозатномаи мураббии дараҷаи «Pro»-и УЕФА мебошад.
Петар Шегрт, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ки имсол футболбозони тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муваффақ кард, дастаро тарк намуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 16 -уми феврал аз анҷоми мӯҳлати шартнома бо ин муттахасиси хорватӣ хабар дода буд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии ин мутахассиси хорватӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бомуваффақият иштирок карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Инчунин, бо сарварии Шегрт мунтахаби Тоҷикистон дар ду мусобиқаи байналмилалӣ баранда гардид. Петар Шегрт соли 2022 сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуда, футболболбозони тоҷикро ба Ҷоми Осиё-2023 омода карда буд.
Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон муборизаро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G бо сармурабби нав Гела Шекиладзе идома хоҳад дод.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм дар меҳмонӣ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад.
Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтааст.
Бозиҳои боқимондаи марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G имсол баргузор мешаванд.
Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон 21-уми март дар меҳмонӣ бо тими миллии Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.