“Дар водиҳо дар сардии як-ду дараҷа гулҳои шукуфтаву муғчаҳо метавонанд осеб бинанд,” – гуфт Сулаймон Раҳматов, як масъули Пажуҳишгоҳи боғдории Тоҷикистон.
Ӯ рӯзи 20-уми феврал гуфт, барфи деринтизор дар канори пайомадҳои бадаш хубӣ ҳам дорад. Чун, ба қавли ин донишманди арсаи кишоварзӣ, метавонад камбуди намиро дар замин ҷуброн карда, давраи бедоршавии дарахтонро то андозае ақиб партояд.
Ба иттилои Маркази ҳавошиносӣ ҳафтаи оянда низ дар Тоҷикистон ҳавои сард пешбинӣ шудааст.
Қурбоналӣ Ҷалилов, як боғбони тоҷик, гуфт, феълан дар водии Ҳисор асосан бодом гул кардааст. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шукуфтани дарахтони дигари мевадиҳанда низ наворҳое гузоштанд.
“Хабарҳое ҳаст, ки дар вилояти Хатлон зардолуву бодом гул кардааст ва агар ҳаво ду ё се дараҷа сард шавад, ҳамаро мезанад, мева намешавад. Дар он сурат эҳтимол имсол мева боз камчин шавад,” – гуфт ӯ.
Зироатшинос Атохӯҷа Раҳмонов як роҳи наҷотро ба дуд мондани зери дарахтони мевадиҳанда мебинад. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боғдорони ботаҷриба аз замони қадим дар рӯзҳои сард бо ин усул талош мекарданд ҳосили дарахтонашонро наҷот диҳанд.
Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтанд, феълан дар бораи зарари сардиҳои охир иттилои комил дар даст надоранд ва бо фарорасии фасли баҳор метавонанд дар ин бора маълумот диҳанд.
Сардӣ ва барфи шадид дар охири зимистон ва аввали баҳор дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир нест. Соли гузашта дар ҳамин вақт қисми зиёди ҳосили ангур дар Тоҷикистон талаф ёфт. Дар соли 2012 низ дар остонаи Наврӯз барф ва сардиҳои шадид Тоҷикистонро фаро гирифта, гулҳои шукуфтаи дарахти олуча дар ҷавшани яхин дида мешуданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад