Дар шимоли Тоҷикистон мақомот як обанбори бузургро, ки қарор аст, садҳо гектар заминро обёрӣ кунад, бозсозӣ кардаанд.
Ин обанбор дар шаҳри Бӯстон,Чкаловскии собиқ дар вилояти Суғд ҷойгир аст ва солҳои зиёд бинобар камбуди об ва фарсуда шудан камоб буд.
Ин кӯл бо ҳадафи обёрии заминҳои кишоварзӣ дар замонӣ шӯравӣ сохта шуда буд ва онро “Комсомол” меномиданд. 16 соли охир он об надошт ва аз рӯди Хоҷа Боқирғон низ ба он оби кам ворид мешуд.
Мақомоти шаҳри Бӯстон панҷ моҳи охир ба бозсозии он машғул буданд ва мегӯянд, ҳоло ин кул то ду миллион куб об меғунҷонад. Мақомот талош доранд, бо кандани чоҳҳои нави об ин кулро аз об пур кунанд.
Нигора Юнусова, раиси шаҳри Бӯстон мегӯяд, “кӯл ҳамчун мавзеи сайёҳӣ ва ҳам ҳамчун обанбор, ҳамчун захирагоҳ истифода бурда мешавад. Лекин ҳоло мушкили аввалиндараҷаи мо пур кардани оби кӯл аст. Мо аз рӯи имконият ҳамаи чоҳҳои амудиро барқарор мекунем, насосҳоро таъмир карда ба кор андохта истодаем. Агар лозим шавад иловатан чоҳҳои амудӣ мекобем, то ки танқисӣ бо об дар шаҳр набошад. Кушиш мекунем, ки ҳам заминҳо бо об таъмин шаванд ва ҳам мавзеи сайёҳӣ обод шаваду ба мардум хизмат намояд.”
Масоҳати кӯл 24 гектар аст ва то вазъи кунунӣ барои бозсозиаш тақрибан 1 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Ҳоло ба он аз 6 пойгоҳи обкашӣ об ҷорӣ мешавад ва аз рӯи нақшаи бунёд бояд то фасли гармо он то ҳадди ниҳоӣ пур гардад.
Бунёди дигарбораи ин кӯл дар ҳолест, ки ду ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд бо номҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови ҳаммарз бо Қирғизистон дар наздикии он қарор доранд. Аксари заминҳои кишоварзии ин ду ноҳия аз рӯди Хоҷа Боқирхон обёрӣ мегарданд ва соли гузашта ба беобии шадид дучор гардида буданд.
Аминҷон Абдуллозода, Сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ гуфт:“Аз тарафи қирғиз оби ҷорӣ мешудагӣ хеле кам буд. Қариб 4 ҳазор гектар замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 4,5 ҳазор гектар замини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳамин сойи Хоҷа Боқирғон обёрӣ карда мешавад. Моҳҳои апрел-май ҳамин 9 ҳазор гектар ҳамагӣ 200-300 литр об меомад, халос. Об хеле кам буд. Аз ҳисоби хушксолӣ омадани сол танқисӣ шуд.”
Радиои Озодӣ соли гузашта бо муроҷиати деҳқонони зарардида дар ин мавзӯъ гузориш таҳия карда буд ва мушоҳида мегардид, ки чандин гектар заминҳои кишоварзии шаҳри Бӯстон ҳам аз беобӣ хушк шуда буд. Раиси шаҳри Бӯстон мегӯяд, ки он замон чандин гектар заминҳои кишоварзии шаҳр ҳамчун иҷора ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дода шуда буд ва ҳамакнун бо пайдо шудани захирагоҳи об заминҳои кишоварзиро дигарбора аз иҷораи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бозпас мегиранд. Ба ҷойи дарахтҳои хушкшуда кишту кори нав хоҳанд кард.
Таъмини об дар минтақаҳои наздимарзӣ аз душвориҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон номбар мешавад. Тақсими об чанд дафъа боис ба сар задани муноқиша миёни ду тараф шудааст. Ҳарчанд ҳоло мақомоти ду кишвар аз ҳалли қарибулвуқӯъи тақсимбандии марзӣ хабар медиҳанду ин мушкилро ҳал карданӣ ҳастанд, вале бими деҳқонон аз хушксолӣ омадани иқлим аст. Ин кули навбунёд то куҷо дар ҳалли ин масъала ёрӣ медиҳад, вазъу фазо нишон хоҳад дод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷӯйи об дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хушкид. Чаро? ВИДЕОБаҳси нав байни Душанбеву Бишкек. Камобӣ дар деҳаҳои марзӣ аз куҷост? ВИДЕОВазири кишоварзӣ ва раисони чанд шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нав шудандАDB ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад ва бо як шарт. ВИДЕО