Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, мусобиқа бо дастгирии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) сурат мегирад, ки он аз шаш қувваозмоӣ иборат аст.
Дар рақобатҳои инфиродӣ чаҳор нафар аз Тоҷикистон, ду нафар аз Мексика, инчунин якнафарӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тайван ва Узбекистон иштирок мекунанд.
Чунонки сомонаи расмии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (iba.sport) хабар додааст, рақобати асосӣ байни қаҳрамони ҷаҳон аз Русия Шарабутдин Атаев ва барандаи медали бириҷии Олимпиадаи Токио-2020 Лорен Берто Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди қаҳрамони ҷаҳони IBA миёни муштзанҳои ҳирфаӣ дар вазни 86 кило иборат аз 10 раунд сурат мегирад.
Муҳорибаи дигари ҷолиби “Шаби қаҳрамонҳои IBA” миёни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов ва Эдуардо Нунйеси мексикоӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияи IBF (Федератсияи байнулмилалии бокс) дар вазни 58,9 кило (12 раунд) сурат мегирад.
Дар ин “Шаби қаҳрамонҳои бокс” Абдумалик Халоқов аз Узбекистон ва Луис Родригес Окана аз Мексика барои унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияи IBA дар вазни 57 кг (10 раунд) мубориза мебаранд.
Инчунин рақобати муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов бо Лал Чу-Эн аз Тайван дар вазни 63,5 кило барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё (8 раунд) доир мегардад.
Дар ин мусобиқа иштироки президенти IBA Умар Кремлёв ва муштзани мъруфи амрикоӣ Рой Ҷонс ба ҳайси меҳмонони фахрӣ дар назар аст.
Барномаи «Шаби қаҳрамонҳои IBA»:
Вазни 67 кг
Шамшер Саидов (Тоҷикистон) – Сулаймонбек Уулу Акжол (Қирғизистон)
Вазни 57 кг
Акмал Убайдов (Тоҷикистон) – Серикбай Ассюлжан (Қазоқистон)
Вазни 63,5 кг
Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон) – Лал Чу-Эн (Тайван)
Вазни 57 кг
Абдумалик Халоқов (Узбекистон) – Луис Родригез Окана (Мексика)
Вазни 58,9 кг
Шавкатҷон Раҳимов (Тоҷикистон) – Эдуардо Нунйес (Мексика)
Вазни 86 кг
Шарабутдин Атаев (Русия) – Алфонсо Домингез Лорен (Озарбойҷон)
Зимнан, дар мусобиқаи “Шаби қаҳрамонҳои ” IBA (“IBA Champions Night”), ки 27-уми октябри соли гузашта дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид, аз панҷ варзишгари тоҷик чаҳор нафар рақибонашонро шикаст дода буданд.
Дар қувваозмоии асосӣ Баҳодур Усмонов, барандаи медали бириҷии мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки ба рақибаш аз Тайланд Сопатип Манап дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ дастболо шуд, бори аввал соҳиби камарбанди “WBO World Youth” (Созмони ҷавонони ҷаҳонии бокс) гардид.
Бояд зикр намуд, ин варзишгари 26-солаи тоҷик, ки дар бокси ҳирфаӣ ғалабаи ҳафтумашро ба даст овард, то ҳоло мағлуб нашудааст.