Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Baku Grand Slam”), ки рӯзҳои 16-18-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқа то ҳоло 412 варзишгар (232 мард ва 180 зан) аз 64 кишвари панҷ қораи олам номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар байни мардон ва чаҳор нафар миёни занон намояндагӣ мекунанд:
Мардон:
-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-73 кг – Абубакр Шеров
-73 кг – Илҳомиддин Ҷабборов
-90 кг – Умедҷон Раҷабов
-90 кг – Сомонӣ Кишваров
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
+100 кг – Мансур Раҳмон
+100 кг – Шакар Мирмамадов
Занон
-48 кг – Шукрона Қарчиева
-52 кг – Аҳлия Муъминова
-57 кг – Фазилат Гулбоева
-63 кг – Мавлуда Одинаева.
Барномаи мусобиқа:
16-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
17-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
18-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо «Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023», ки моҳи сентябри соли гузашта дар Боку баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки дар рақобатҳо миёни мардҳо ширкат варзиданд.
Аз байни паҳлавонони тоҷик танҳо Эмомалӣ Нуралӣ натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 66 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Сербистон, Гурҷистон, Русия ва Исроил ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Вале Эмомалӣ дар нимфинал аз Такеши Такеокаи ҷопонӣ мағлуб шуд. Сипас ӯ барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Давид Гарсия Торне аз Испания бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.