Дар нимаи аввали дидор қатариҳо бартарӣ доштанд. Ҳамлагари онҳо Акрам Афиф бо тӯб ба ҷаримагоҳи урдуниҳо дохил шуда, дар расиш бо рақибаш афтид. Сардовари бозӣ Ма Нинг ба дарвозаи мунтахаби Урдун пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Афиф дар дақиқаи 22-юм тӯбро ба нишон расонда, ҳисобро кушод.
Голи ҷавобиро Язан Ал-Наймат, бозигари урдуниҳо, дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 67-ум зад. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи қатариҳо бо зарбаи сахт бо пойи чап вориди дарвоза намуд.
Сипас дар яке аз ҳуҷумҳо бозигари мизбонон дар дохили ҷаримагоҳи мунтахаби Урдун афтид. Сардовар баъди тамошои видео (VAR) ба дарвозаи урдуниҳо пеналти таъйин намуд. Тӯбро Акрам Афиф дар дақиқаи 73-юм вориди дарвозаи урдуниҳо карда, ҳисобро тағйир дод.
Ба замони асосии нимаи дуюми бозӣ барои талафи вақт 13 дақиқа илова шуд. Ҳамлагари моҳир ва қаҳрамони ин бозӣ Акрам Афиф бо дарвозабони урдуниҳо як ба як баромад, вале дарвозабони мунтахаби Урдун ӯро аз по афтонд.
Ба дарвозаи мунтахаби Урдун боз пеналти таъйин шуд. Тӯбро Акрам Афиф дар дақиқаи 90+5 ба ҳадаф расонд. Ӯ дар ин бозӣ се гол зада, “хет-трик” кард. Акрам Афифи 27-сола бо 8 гол дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми Осиё-2023 ба ҷойи аввал баромад.
Маросими ҷоизасупорӣ пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи миллии Лусаил доир гардид. Нахуст ҷоизаҳо ба доварони бозии ниҳоӣ бо роҳбарии Ма Нинг аз Чин супурда шуд.
Акрам Афиф, ҳамлагари тими миллии Қатар, соҳиби ду ҷоиза – беҳтарин нишонзан ва беҳтарин бозигари Ҷоми Осиё-2023 гардид.
Ба Мишел Баршам аз мунтахаби Қатар ҷоизаи беҳтарин дарвозабони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2023 супурда шуд.
Ба дастаи мунтахаби Урдун медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё-2023 тақдим гардид.
Ҷоми Осиё-2023 ба сарвон ё капитани тими миллии Қатар Ал-Ҳайдос супурда шуд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Қатар, ки аз соли 1980 дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад, бори дуюм пайиҳам ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Аз ин пеш қатариҳо соли 2019 барандаи Ҷоми Осиё шуда буданд.
Тими миллии Қатар бо роҳбарии сармураббӣ Бартоломе Маркес Лопеси испанӣ дар Ҷоми Осиё-2023 ҳафт бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб гардид (таносуби тӯбҳояш 14-5).
Мунтахаби Қатар дар гурӯҳи “А” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Лубнон – 3:0, Тоҷикистон – 1:0, Чин – 1:0.
Қатар дар ҳаштякфинал Фаластинро бо ҳисоби 2:1, дар чорякфинал Узбекистонро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) ва дар даври ниманиҳоӣ Эронро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба финал роҳ ёфта буд.
Дастаи мунтахаби Урдун, ки дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз соли 2004 бори шашум иштирок кард, аввалин маротиба ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Тими миллии Урдун бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Аммутаи марокашӣ дар Ҷоми Осиё-2023 ҳафт бозӣ анҷом дода, дар чаҳортоаш ғолиб шуд, як бозиро мусовӣ карда, дар ду дидор шикаст хӯрд.
Мунтахаби Урдун дар гурӯҳи “D” бо касби 4 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Малайзия – 4:0, Баҳрайн – 0:1, Кореяи Ҷанубӣ – 2:2.
Урдун дар ҳаштякфинал Ироқро бо ҳисоби 3:2, дар чорякфинал Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0, дар даври ниманиҳоӣ Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, ба финал баромада буд.
Ба ин тартиб, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар, ки 12-уми январ бо иштироки 24 дастаи мунтахаб оғоз ёфт, 10-уми феврал ба поён расид.
Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё-2023, ки аз ҷониби AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ихтисос дода шудааст, 14,8 миллион долларро ташкил медод.
Дастаи ғолиб - Қатар - соҳиби 5 миллион доллар шуд.
Тимҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ 1 миллион долларӣ, мунтахаби Урдун барои баромадан ба финал 3 миллион доллар гирифтанд.
Инчунин ба ҳар як дастаи ширкатдори мусобиқот дар Қатар, аз он ҷумла мунтахаби Тоҷикистон, 200 ҳазор доллар супурда шуд. Тими миллии Тоҷикистон, ки бори аввал дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кард, бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот дастоварди тозаеро дар таърихи варзиши кишвар сабт намуд.
ҶОМИ ОСИЁ-2023
ФИНАЛ
10-уми феврал (шанбе)
УРДУН – ҚАТАР – 1:3
Голҳо: Акрам Афиф, 22 – аз пеналти (0:1), Язан Ал-Наймат, 67 (1:1), Акрам Афиф, 73 – аз пеналти (1:2), Акрам Афиф, 90+5 – аз пеналти (1:3).
Лусаил. Варзишгоҳи миллӣ.