Соли гузашта садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба воситаи Узбекистон барои адои ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафтанд. Сокинон мегӯянд, нархи сафар аз Узбекистон дар қиёс ба ширкатҳои Тоҷикистон арзонтар аст.
Хабарнигорон рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ аз раиси Кумитаи дин пурсиданд, ки чаро нархи сафари умра дар Тоҷикистон назар ба Узбекистон гаронтар аст?
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин гуфт, дар бастаи хизматрасоние, ки ширкатҳои узбекистонӣ барои адои умра пешниҳод кардаанд, баъзе хароҷотҳо, аз ҷумла, хӯрок нест.
Аммо дар эълонҳое, ки ширкатҳои узбекистонӣ пешниҳод кардаанд, барои зоирин ҳадди ақал ду вақт хӯрок пешбинӣ шудааст.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, нархи сафари умра аз Тоҷикистон 14 ҳазор сомонӣ (қариб 1300 доллар) ва аз Узбекистон аз 1100 доллар шуруъ мешавад.
“Мутаасифона ҳастанд нафароне ки танҳо бо дар назар гирифтани на он қадар фарқияти зиёд, ҳудуди 1000-2000 сомонӣ худашонро сарсон карда, ба воситаи кишвари ҳамсоя мераванд. Онҳо дар бисёр ҳолатҳо фирефтаи эълонҳо ё миёнаравҳои бардуруғ мешаванд. Масалан арзонтарин нархи умра аз Тошканд аз 1100 то 1400 доллар аст. Вале онҳо дар назар намегиранд, ки хароҷоти аз Душанбе то Тошканд рафтан чӣ қадар аст,”-афзуд раиси Кумитаи дин.
Корбарони Радиои Озодӣ навиштаанд, сафар ба умра аз Узбекистон бамаротиб арзонтар аз Тоҷикистон аст. Рустамҷон Умаров навиштааст, моҳи октябри соли 2023 нархи сафар ба Умра аз шаҳри Самарқанд то 12 ҳазор сомонӣ ва аз Душанбе 19 ҳазор сомонӣ буд. “Худатон қазоват кунед,»-навиштааст Умаров.
Дар Тоҷикистон ду ширкат ва ҳам Кумитаи дин хоҳишмандонро барои адои умра ба Арабистони Саудӣ мефиристанд. Аммо сокинон бартарӣ медиҳанд, ки ба воситаи Узбекистон сафар кунанд. Арзон будани нарх, далели асосии сафар ба воситаи Узбекистон гуфта мешавад.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта аз Тоҷикистон 13 ҳазор кас ба адои умра ва беш аз 5 ҳазор ба ҳаҷҷи фарзӣ рафтаанд. Шумораи онҳое, ки аз тариқи Узбекистон ба умра рафтаанд, маълум нест.
Назарҳо ба адои ҳаҷ, ки яке аз панҷ рукни дини Ислом ҳисоб мешавад, дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон набудааст. Як гуруҳ ба ин назаранд, ки бо даст додани имконият бояд ин фаризаи диниро иҷро кард, вале гуруҳи дигар пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаҷ аз ҷумла ҳаҷҷҳои такрорӣ бояд дар дохили кишвар ҷойеро обод кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Шумори ҳоҷиён аз Тоҷикистон се баробар зиёд шудааст. ВИДЕОСаудӣ ба ҳаҷҷи фарзии тақрибан 7 ҳазор тоҷикистонӣ иҷоза додаастБоздошти раиси як ширкати қазоқӣ барои "ташкили ғайриқонунии ҳаҷ" Пурсиш аз мардум: Чаро таваҷҷуҳ ба ҳаҷ дар Тоҷикистон зиёд шудааст? ВИДЕОАрабистони Саудӣ додани виза барои Тоҷикистонро осонтар кард