Ҳалокати 4 кас дар зери ярч дар Алмато

Қазоқистон, 8-уми феврали 2024

Дар натиҷаи фаромадани ярч дар маҳаллаи "Тау-Самал"-и шаҳри Алматои Қазоқистон чаҳор кас ҷон бохтааст.

"Наҷотдиҳандагон дар ҷойи ҳодиса ҷасади як марду зани 40-сола ва ду ҷавони соли таваллудашон 2007-ро аз зери хок берун оварданд", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Алмато.

Гуфта нашудааст, ки ҳалокшудаҳо узви як хонавода буданд, ё не.

Бино ба иттилои раёсат, 8-уми феврал, тақрибан соати 2:20 дақиқа дар маҳалли "Тау-Самал"-и Алмато ярч фаромада, хонае пурра зери хок монд ва як хонаи дигар қисман осеб дид.

Мақомоти Алмато гуфтанд, эҳтимол ҳангоми омадани ярч дар дохили хона чаҳор кас ҳузур дошт.